Кори муқаррарии фурудгоҳи Душанбе барқарор шуд

Кори Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, ки қаблан бар асари фазои пойтахтро фаро гирифтани тумани ғализ боздошта шуда буд, бо реҷаи муқаррарӣ барқарор шуд ва ҳамаи хатсайрҳо тибқи ҷадвал иҷро карда мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи фурудгоҳ Ҷамила Ҳусейнова. “Ҳамаи парвозҳо тибқи ҷадвале, ки дар лавҳа тариқи онлайн дар сомонаи фурудгоҳ ҷойгир аст иҷро карда мешаванд”, […]

Asia-Plus

Кори Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, ки қаблан бар асари фазои пойтахтро фаро гирифтани тумани ғализ боздошта шуда буд, бо реҷаи муқаррарӣ барқарор шуд ва ҳамаи хатсайрҳо тибқи ҷадвал иҷро карда мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи фурудгоҳ Ҷамила Ҳусейнова.

“Ҳамаи парвозҳо тибқи ҷадвале, ки дар лавҳа тариқи онлайн дар сомонаи фурудгоҳ ҷойгир аст иҷро карда мешаванд”, – зикр кард ӯ.

Ёдрас мекунем, ки субҳи имрӯз фурудгоҳ ҳавопаймоҳои се хатсайр аз Маскав ба Душанберо қабул карда натавониста, онҳо ба фурудгоҳи наздиктарин – шаҳри Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон фиристода шуданд.

Аз ҷумла инҳо ҳавопаймоҳои ширкати UtAir бо хатсайри UT803 аз Маскав (Внуково) ба Душанбе, ҳавопаймои “Сомон Эйр” – аз фурудгоҳи “Домодедово” ва ҳавопаймои “Уральские  авиалинии” аз фурудгоҳи “Жуковский” буданд.

“Баъдан ҳамаи мусофирони ин ҳавопаймоҳо ба нуқтаи таъинот расонида шуданд”, – илова кард Ҳусейнова.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ огоҳ намуд, ки рӯзҳои наздик – то охири ҳафта дар Тоҷикистон туман боқӣ мемонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.