Агентии зиддифасод як корманди ВКД-ро боздошту бар асоси қонуни авф озод кардааст

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон аз боздошт ва бар асоси қонуни афв раҳо шудани як корманди ВКД хабар медиҳад. Ин корманди ВКД мехостааст, ки хонаи як сокини вафоткардаи шаҳри Душанберо, ки меросхӯре надоштааст, ба номи каси дигар ҳуҷҷат кунад. Дар хабарномае, ки ин ниҳод нашр кардааст, гуфта мешавад, ки ин корманди пулис – Илҳомиддин Идиев дар Душанбе барои […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон аз боздошт ва бар асоси қонуни афв раҳо шудани як корманди ВКД хабар медиҳад. Ин корманди ВКД мехостааст, ки хонаи як сокини вафоткардаи шаҳри Душанберо, ки меросхӯре надоштааст, ба номи каси дигар ҳуҷҷат кунад.

Дар хабарномае, ки ин ниҳод нашр кардааст, гуфта мешавад, ки ин корманди пулис – Илҳомиддин Идиев дар Душанбе барои бо роҳи фиреб ҳуҷҷатгузорӣ кардани ин манзили иқоматӣ дар кӯчаи Маяковский, аз як сокини Душанбе 150 ҳазор сомонӣ талаб карда, аз ин маблағ аллакай 128 ҳазорашро гирифта буд.

"Ин кормади пулис бо мақсади анҷом додани нияти ҷинояткоронаи худ вобаста ба тасарруфи молу мулки ғайр, аз маблағи дар боло зикгардида, 128 ҳазор сомониро гирифта, ба тасарруфи худ дароварда, ягон амалро ба манфиати охирон иҷро накард", – овардааст Оҷонсӣ.

Оҷонсӣ гуфтааст, ки Илҳомиддин Идиев, сардори шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи №1-и ВКД дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе будааст "ва дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи мақоми хизматӣ ба ҷинояти тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ, бо расонидани зарари махсусан калони моддӣ даст зад".

Дар хабарномаи Оҷонсӣ ҳамчунин гуфта мешавад, ки алайҳи Идиев бо моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, вале бар асоси қонун «Дар бораи авф» қатъ карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол маълум нест, ки Идиев то кунун дар мақомаш кор мекунад ё барои ин амал аз мақомот ронда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.