Вазири корҳои хориҷӣ: Тоҷикистон ба Афғонистон бо ғизо кумак мекунад

Тоҷикистон тариқи созмонҳои байнулмилалӣ кумак бо маҳсулоти хӯроквориро ба Афғонистон ба нақша гирифтааст. Дар ин бора имрӯз, 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Муҳриддин Сироҷиддин изҳори назар кард. Ӯ таъкид дошт, ки айни замон вазорату идораҳои марбута дар ин самт чораҷӯӣ намуда, ба наздикӣ интиқоли кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон оғоз мегардад. […]

Asia-Plus

Тоҷикистон тариқи созмонҳои байнулмилалӣ кумак бо маҳсулоти хӯроквориро ба Афғонистон ба нақша гирифтааст. Дар ин бора имрӯз, 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Муҳриддин Сироҷиддин изҳори назар кард.

Ӯ таъкид дошт, ки айни замон вазорату идораҳои марбута дар ин самт чораҷӯӣ намуда, ба наздикӣ интиқоли кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон оғоз мегардад.

Сироҷиддин Муҳриддин инчунин зикр кард, ки мавқеи Тоҷикистон нисбати ҳукумати толибон бетағйир боқӣ мемонад.

“Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ба ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон исрор меварзад, ва “Толибон”-ро лозим аст, ки ба ин самт иқдом кунанд. Толибон бояд дар амал риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар Афғонистон нишон диҳанд”, – гуфт вазири умури хориҷаи Тоҷикистон.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Мукофоти озмун 15 ҳазор сомонӣ аст ва моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад

Қосим Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт 

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.