Милитсияи Душанбе ҷузъиёти бархӯрди мошини боркаш бо мошини тамғаи хориҷиро шарҳ дод

Дар як садамаи нақлиёт дар Душанбе, ки автомашинаи боркаш ба мошини сабукрави тамғаи хориҷӣ бархӯрд, касе ҳалок нашуда, се мусофири автомашинаи сабукрав ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе. Дар маълумот гуфта мешавад, 1-уми феврал дар роҳи мошингарди кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ дар рӯ ба рӯи Маркази барқу гармидиҳии №2 […]

Дар як садамаи нақлиёт дар Душанбе, ки автомашинаи боркаш ба мошини сабукрави тамғаи хориҷӣ бархӯрд, касе ҳалок нашуда, се мусофири автомашинаи сабукрав ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Дар маълумот гуфта мешавад, 1-уми феврал дар роҳи мошингарди кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ дар рӯ ба рӯи Маркази барқу гармидиҳии №2 шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира» таҳти идораи Рустам Муминови 29-сола, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ба самти чап гардиш намудан ба автомашинаи тамғаи «MAN таҳти идораи  Муҳаммадраҷаб Ҳасанови 36-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрдааст.

“Дар натиҷа ронанда ва ду нафар мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», мардони 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шуда, таҳти назорати табибон қарор доранд”, – зикр мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе расман ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки дар натиҷаи ин садама хушбахтона ягон нафар ба ҳалокат нарасида, иттилои дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба ҳалокати як нафар ва ҷароҳатҳои вазнин бардоштани 5-нафар асоси воқеӣ надоранд.

Ёдрас мекунем, ки навори видеои ин садама рӯзи 1 феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, дар он дида мешавад, ки автомашинаи сабукрав зери мошини бузургҳаҷми боркаш қарор дорад. Шоҳидони ҳодиса ҷиҳати аз мошин берун овардани ҷароҳатбардоштагон кумак мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.