Раиси ноҳияи Ғафуров: “кӯмаки моливу моддӣ расонидем”. Наргис Ҷабборова: “нарасониданд”

Кӯмак кардан ё накардан ба хонаводаи Абдурозиқ Қаҳҳоров, як сокини ҷамоати Хистеварз, ки 9 моҳ пештар дар Қирғизистон бар пайи ҳаводиси марзӣ боздошт ва баъадан барои 20 сол равонаи зиндон шуд, дар нишасти хабарии раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳсбарангез шуд. Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, ба ин хонавода “кӯмаки моливу моддӣ расонидем”, аммо ҳамсари Абдурозиқ-Наргис Ҷабборова […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Кӯмак кардан ё накардан ба хонаводаи Абдурозиқ Қаҳҳоров, як сокини ҷамоати Хистеварз, ки 9 моҳ пештар дар Қирғизистон бар пайи ҳаводиси марзӣ боздошт ва баъадан барои 20 сол равонаи зиндон шуд, дар нишасти хабарии раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳсбарангез шуд.

Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, ба ин хонавода “кӯмаки моливу моддӣ расонидем”, аммо ҳамсари Абдурозиқ-Наргис Ҷабборова мегӯяд, бо вуҷуди муроҷиатҳои батакрораш ба раиси ноҳия кӯмаке пайдо накардааст.

Раиси ноҳия зимни нишасти хабарии рӯзи 02-уми феврал гуфт, аз вазъи зиндагии хонаводаи Абдурозиқ Қаҳҳоров огаҳанд ва баъди боздошту дар Қирғизистон ҳукум гирифтанаш ба онҳо кӯмак мерасонанд. Вале ӯ ба суоли ба такрори рӯзноманигорон, ки чӣ миқдор кӯмаки молӣ расонида шуд ва дар баргардонидани қисме аз қарзҳои онҳо кӯмак шуд ё не, посухи мушаххас надод.  

“Ҳамсари он кас муроҷиат карданд, мо чанд бор қабул кардем, кӯмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуд, мо ҳама ҳуҷҷатҳоро дорем. Дар оянда низ агар мушкиле бошад омодаем кӯмак расонем”,-афзуд Зафарбек Давлатзода.

Аммо Наргис Ҷабборова чизи дигар мегӯяд. Ӯ баъди нишасти хабарии раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, бо вуҷуди муроҷиатҳои батакрораш аз мақомот кӯмаки молӣ пайдо накард ва рӯзи 02-уми феврал боз барои дарёфти кӯмак ба ҳукумати ноҳия омадааст.

“Аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ман кумаки пулӣ нарасонидаанд, вале боре ду халта орд, 5 кило биринҷ ва равған доданд. Ман ба ҳукумати ноҳия муроҷиат карда хоста будам, ки 10 ҳазор сомонӣ кӯмаки молӣ расонанд то қисме аз қарзамро баргардонам. Аммо то ҳол ягон натиҷае нест”,-мегӯяд, Наргис Ҷабборова.

Ин зан баъди он, ки ҷониби Қирғизистон шавҳарашро дар пайванд ба муноқишаи марзии охири моҳи апрел боздошт, аввал як умр маҳкум ба зиндон ва баъдан ҳукмро ба 20 сол иваз кард, бо се фарзандаш бехонаву дар мондааст.

Додгоҳи ноҳияи Лайлак Абдурозиқ Қаҳҳоровро 14-уми сентябр бо ҷурми “ҷиноят бар зидди сулҳ” ва “ғоратгартӣ”-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон айбдор кард, чизе, ки то ҳол пайвандонаш қабул надоранд ва пофишорӣ мекунанд, ки мақомоти Тоҷикистон дар озод шудани ӯ кӯмак кунанд.

Наргис Ҷабборова, гуфта буд, ки барои озод шудани шавҳараш аз  пайвандону касони дигар ҳудуди 50 ҳазор сомонӣ қарз гирифта буд. Ӯ ин пулро барои харҷи роҳу хидмати вакили дифоъ сарф кард, вале ҳоло касоне, ки пул дода буданд, қарзашонро талаб доранд ва ӯ дар баргардонданаш ночор мондааст.

Ин хонавода баъди он, ки мақомот дар пайдо кардани кӯмаки молӣ кӯмак накард дар Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” суратҳисоби бонкӣ боз карда, аз мардум кӯмак хост.

Бино ба гуфти Наргис Ҷабборова он чи, ки ба сари шавҳараш ва хонаводааш омад боис ба хаста шудани рӯҳу равонаш шуда ӯро бемор кард. Вай гуфт, баъди ин ҳодисаҳо даҳ рӯз дар беморхона бистарӣ шуда табобат гирифт ва ҳамагӣ чанд рӯз пештар ба хона баргашт. Дар табобати ройгони ӯ шахсони ҷудогона кӯмак кардаанд. Вале мегӯяд, ҳоло фарзандаш низ бемор шудаву ба табобат ниёз дорад.

“Аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар масъалаи озод кардани шавҳарам таваҷҷӯҳ накардаанд, фақат гуфтанд ин корро мақомоти интизомӣ ҳал мекунад. Мо ба ин гапу корҳо ҳамроҳ не гуфтанд. Ман ба ҳукумати ноҳия муроҷиат кардам, ки маро ба беморхона хоб равонед аввал ариза навис баъд хоб меравонем гуфтанд”,-нигаронӣ кард Наргис Ҷабборова

Ин оила соли 2010 аз ҷамоати Хистеварз ба деҳаи Борбордук кӯч баста хонае сохтаанд, ки марбут ба як шаҳрванди Қирғизистон буда бо сабти иқомат зиндагӣ мекарданд. Вале ба гуфтаи Наргис Ҷабборова баъди муноқишаҳои ахири марзӣ аз соли гузашта ба ин тараф ба манзилаш баргашта наметавонад ва дар хонаи модарӣ дар ҷамоати Хистеварз бе чизу чора мондааст.

Шавҳари ӯ Абдурозиқ Қаҳҳорови 41-сола то замони боздошт, дар хатсайри №66  “Хистеварз-Гулистон” мусофиркашонӣ мекард ва аз ҳисоби ронандагӣ оиларо саробонӣ мекард. Ҳамсараш мегӯяд, дар рӯзҳои муноқишаи хунин низ шавҳараш дар ҷойи кор буд, дар задухӯрд иштирок накардааст ва ба ягон ҷиноят низ даст назадааст.

Ягона далели боздошту маҳкум ба зиндон шудани ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ин акси хотиравие будааст, ки дар шабу рӯзи муноқишаи хунини охири моҳи апрел дар роҳи “Хуҷанд-Конибодом” ҳамроҳ бо ду низомии тоҷик гирифта шудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.