Палатаи ҳисоб 282,8 млн сомонӣ зиёни молиявиро ошкор кард

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар ҷараёни санҷиши фаъолияти вазорату идораҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонку корхона ва дигар муассисаҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 282,8 млн сомонӣ зиёни молиявиро ошкор кард. Раиси Палата Қарахон Чилазода имрӯз, 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки дар соли сипаришуда (соли 2021 дар назар аст) 274 санҷиши аудиторӣ гузаронида шудааст. “Дар […]

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар ҷараёни санҷиши фаъолияти вазорату идораҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонку корхона ва дигар муассисаҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 282,8 млн сомонӣ зиёни молиявиро ошкор кард.

Раиси Палата Қарахон Чилазода имрӯз, 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки дар соли сипаришуда (соли 2021 дар назар аст) 274 санҷиши аудиторӣ гузаронида шудааст.

“Дар ҷараёни санҷишҳо ба маблағи 282 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуда, дар муқоиса бо соли пешин (с.2020) шумори иншооти санҷидашуда 26 адад кам ва маблағи зиёни молиявии ошкоргардида 30,5 млн сомонӣ афзуд”, – иброз дошт вай.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҳаҷми умумии зиёни ошкоршуда хароҷоти ғайриқонунии молу пул 55,7 млн сомонӣ, камомад ва дуздии пулу мол – 8,9 млн сомонӣ ва баланд нишон додани нархҳо зимни баргузории корҳои сохтмону таъмир – 23,4 млн сомониро ташкил додааст.

Зиён аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 1,2 млн сомонӣ, талафоти молу пул – 89,7 млн сомонӣ, талафоти буҷет аз андози паст ва пардохтнашуда – 49,9 млн сомонӣ, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ – 45,4 млн сомонӣ ва фоида (дивидендҳо)-и пардохтнашуда аз рӯи саҳмияҳо – 8,6 млн сомонӣ арзёбӣ мешавад.

“Дар мавриди бартараф намудани камбудиҳо тадбирҳои мушаххас андешида шуда, 274,5 млн сомонӣ барқарор шуд, аз ҷумла 108,4 млн сомонӣ дар буҷети давлатӣ, 136,6 млн сомонӣ – дар муассисаҳо ва 29,5 млн сомонӣ – дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ”, – зикр кард Чилазода.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.