Нафақаи ятимони кулл дар Тоҷикистон зиёд шуд

Date:

Акнун нафақаи миёнаи онҳо 232 сомониву 90 дирамро ташкил медиҳад. Ятимоне, ки аз яке аз волидонашон маҳрум шудаанд, 151 сомониву 75 дирам мегиранд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар Дилмурод Давлатзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 1 ҳазору 653 ятими кулл ба қайд гирифта шуда, шумори ятимоне, ки яке аз волидонашонро аз даст додаанд, ба 79 ҳазору 453 нафар мерасад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дилмурод Давлатзода

Қаблан вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки ахиран ҳолатҳои азҳампошии оилаҳо дар Тоҷикистон афзудааст.

Ба гуфтаи вай, соли 2021 дар Тоҷикистон 13 ҳазору 741 оилаҳо аз ҳам ҷудо шуданд ва ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2020 ин нишондиҳанда ба 10 ҳазору 536 ҳолат баробар буд.

Вазир зикр кард, ки дар натиҷаи бекор шудани ақди никоҳҳо 14 ҳазору 814 кӯдак дар тарбияи яке аз волидони худ боқӣ мондаанд.

Сабабҳои пошхӯрии оилаҳои тоҷикистониро ӯ ба номувофиқ будани хислатҳои ҳамсарон, дахолати шахси сеюм, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, безурётӣ, хиёнат ва муҳоҷирати корӣ марбут донист.

“Дар бисёр маврид талоқҳо аз он сабаб рух медиҳанд, ки ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ омода нестанд. Инчунин ҳангоми издивоҷ бисёр ҷуфтҳо ҳамдигарро ба қадри кофӣ намешиносанд», – иброз дошт вазири адлияи ҷумҳурӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...