Омори коронавирус дар Тоҷикистон: 13 ҳолат дар 3 шабонарӯз

Давоми 3 шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 13 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, ки шумори шифоёфтагон дар ин муддат 11 нафарро ташкил додааст. Аз замоне, ки рӯзи 21 январ Вазорати тандурустӣ ҳодисаҳои нави сироятёбиро дар кишвар эълон кард, ки шумори расмии гирифторшудагон ба […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Давоми 3 шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 13 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, ки шумори шифоёфтагон дар ин муддат 11 нафарро ташкил додааст. Аз замоне, ки рӯзи 21 январ Вазорати тандурустӣ ҳодисаҳои нави сироятёбиро дар кишвар эълон кард, ки шумори расмии гирифторшудагон ба COVID-19 дар ин муддат  ба 274 нафар расид.

Дар сомонаи вазорат  зикр мешавад, ки дар маҷмӯъ аз оғози пандемия то ин дам дар Тоҷикистон шумораи гирифторони ин беморӣ 17 ҳазору 382 нафар ва шумори умумии шифоёфтагон 17 ҳазору 378 нафар ё худ 99,2%-ро ташкил медиҳад.

То ин замон  теъдоди расмии фавтидагон моҳҳои зиёд бетағйир монда, 124 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар кишвар маъракаи эмкунии аҳолии аз синни 18-сола боло  бар зидди коронавирус идома дорад. То 1 феврали соли 2022 дар Тоҷикистон 4 млн 594 ҳазору 703 нафар (79,7% аз шумори умумии аҳолии калонсол) ваксинаҳои зидди коронавирус гирифтаанд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 3 млн 902 ҳазору 269 нафар (67,7%) шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи ваксинзанӣ зидди COVID-19 дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 оғоз шуд. Ваксина гирифтани шахсони аз 18-сола болои ҷумҳурӣ ҳатмӣ аст. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад. Дар маҷмӯъ ваксингирии 5 млн 826 ҳазору 301 нафар аҳолии кишвар зарур аст.

Дар Тоҷикистон аз панҷ ваксинаи зидди коронавирус истифода мешавад: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Спутник V.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст