Соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз 4 тонна маводи нашъаовар мусодира шуд

Соли 2021 дар Тоҷикистон 4 тоннаву 83 килову 274 грамм маводи нашъаовар мусодира шуд, ки 68,4% ё худ 1 тоннаву 658 килову 36 грамм зиёдтар нисбат ба соли 2020 аст. Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҷумҳурӣ генерал-майор Ҳабибулло Воҳидзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар ин давра аз ҷониби ВКД беш аз 2 […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Соли 2021 дар Тоҷикистон 4 тоннаву 83 килову 274 грамм маводи нашъаовар мусодира шуд, ки 68,4% ё худ 1 тоннаву 658 килову 36 грамм зиёдтар нисбат ба соли 2020 аст.

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҷумҳурӣ генерал-майор Ҳабибулло Воҳидзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар ин давра аз ҷониби ВКД беш аз 2 тонна, КДАМ – зиёда аз 1 тонна, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия – беш аз 30 кило ва Хадамоти гумрук – зиёда аз 1 кило маводи мухаддир дарёфту мусодира гардидааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо соли 2020 дар соли 2021 ҳаҷми мусодираи героин 2,1 баробар, ҳашиш – 2,3 баробар афзуда, мусодираи афюн ва бангдона мутаносибан ба андозаи 24,7% ва 10,4% кам шудааст.

“Соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 106 кило маводи психотропӣ мусодира гардидааст, ки 2,4 баробар ё худ 63 кило зиёдтар дар муқоиса бо соли 2020 мебошад”, – гуфт Воҳидзода.

Ӯ зикр кард, ки соли гузашта кормандони Агентӣ 159 ҷинояти марбут ба гардиши маводи нашъаоварро ошкор намудаанд, ки 15 ҷиноят ё худ 10,4% бештар нисбат ба соли 2020 аст.

“Аз ин шумор 101 ҷиноят ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ё маводи психотропӣ барои фурӯш, 27 ҷиноят – ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва психотропӣ, 14 ҷиноят – ба қочоқи маводи нашъаовар вобаста, дигар ҷиноятҳои марбут низ ҷой доштанд”, – гуфт роҳбари Агентӣ.

Зикр шуд, ки дар ин давра аз ҷониби Агентӣ ба судҳо 134 парвандаи ҷиноятӣ (соли 2020 – 105 адад) нисбат ба 198 нафар (соли 2020 – 162 нафар) пешниҳод гардида, ба маблағи 344 ҳазору 200 сомонӣ молу мулк ҳабс шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон