Таъсири вазъи ҷангӣ дар Укроин ба қурби пули миллӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Бонки марказии Қазоқистон дар нимрӯз барои дастгирии қурби пули миллӣ 104 миллион доллар сарф кардааст. Ба огаҳии бонк, қурби доллари амрикоӣ дар давоми як рӯз дар Қазоқистон ба 465,9 танга расидааст. Дар ҳоле ки субҳи 24 феврал он 437 тангаи қазоқӣ буд. Бонки миллии Қирғизистон низ вазъи асъори хориҷӣ ва пули миллиро шарҳ додааст. Ин ниҳод […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Бонки марказии Қазоқистон дар нимрӯз барои дастгирии қурби пули миллӣ 104 миллион доллар сарф кардааст. Ба огаҳии бонк, қурби доллари амрикоӣ дар давоми як рӯз дар Қазоқистон ба 465,9 танга расидааст. Дар ҳоле ки субҳи 24 феврал он 437 тангаи қазоқӣ буд.

Бонки миллии Қирғизистон низ вазъи асъори хориҷӣ ва пули миллиро шарҳ додааст. Ин ниҳод мегӯяд, дар натиҷаи ҳаводиси Укроин ва таҳримҳои Амрикову Аврупо бар зидди Русия қурби доллар дар баробари пули миллии он кишвар боло рафтааст.

Бонкҳои Қирғизистон 24 феврал қурби долларро якбора боло бурдаанд. Он аз 84,9 соми қирғизӣ то ба 95 сом боло рафтааст.

Рӯзи 24-уми феврал, пас аз ҳамлаи Русия ба Укроин, қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон низ якбора поин омад.

Дар чанде аз бонкҳои Тоҷикистон (Эсхата ва Амонатбонк) рӯзи панҷшанбе ба радиои "Озодӣ" тасдиқ кардаанд, ки 1000 рубли русӣ ба 128 сомонӣ баробар шудааст. Дар чанд бонки дигар онро то 120 сомонӣ фаровардаанд.

Дар ҳоле ки як рӯз пеш 1000 рублро ба 141 сомонӣ иваз мекарданд. Дар оғози ҳафта ин рақам ба 149 сомонӣ баробар буд.

Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон поин рафтани қурби рубли русиро дар кишвар тасдиқ ё рад накардаанд. Дар сомонаи расмии Бонки Миллӣ ҳанӯз ҳазор рубл ба 141 сомонӣ баробар аст. 

Сокинон дар Тоҷикистон поин ва болоравии қурби рубли русиро ҷиддӣ мегиранд. Беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва бахши аъзами онҳо ҳаққи кори худро бо рубли русӣ ба кишвар мефиристанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.