spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Чорабинии дилхушиву фароғатӣ барои кӯдакони инкишофашон махсус

Октябр моҳи огаҳӣ аз синдроми Даун аст. Дар ин робита ташкилоти ҷамъиятии “Дилҳои кушода” як чорабинӣ баргузор намуд. Барои 20 нафар кӯдакон ва волидони онҳо машғулиятҳои гуногун гузаронида шуда, консерт барпо гардид.

“Чорабинӣ ба кӯдакон маъқул шуд, ҳарчанд кӯдакон каме хаста шуда бошанд ҳам, лекин барояшон хеле писанд мад”, – мегӯяд Дилбар, яке аз модарони кӯдаки инкишофашон махсус.

Чорабинӣ барои кӯдакони инкишофашон махсус: дорои бемории фалаҷ, синдроми Даун ва кӯдакони дорои нуқси нутқ (гуфтугӯ) гузаронида шуд.

“Ташкилоти мо ташкилоти волидон буда, мо барои ҳимояи манфиатҳои фарзандонамон кор мекунем, – мегӯяд Дилбар Қурбонова, директори ТҶ “Дилҳои кушода”. – Ин ҷо ягон маҳдудият нест. Ин метавонад ҳимоя аз манфиатҳои онҳо, фарогирӣ (инклюзия) бошад. Муносибатро нисбати кӯдакони инкишофашон махсус тағйир додан зарур аст. Ҳадафи мо беҳбуди сатҳи зиндагии чунин кӯдакон мебошад. Муҳим нест, ки ӯ чӣ гуна беморӣ дорад”.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ташкилот аллакай муддати ду сол фаъолиятдошта, лекин танҳо як сол пеш муяссар гардид, ки маркази худро кушоянд. Дар марказ 12 нафар мутахассисон, аз ҷумла логопед (табиби бемории нуқси гуфтугӯ), маҳсгарон, рассомон ва хореографҳо (омӯзиши рақс) кор мекунанд. Инҳо асосан волидони кӯдаконе мебошанд, ки дар ин ҷо таҳсил мекунанд.

Дар ташкилот ҳамагӣ 147 оилаҳои дорои кӯдакони инкишофашон махсус ба қайд гирифта шудааст. Ин ҷо натанҳо кӯдакон, балки волидонашон низ таҳсил мекунанд. Онҳо беҳтар ба талаботи кӯдаконашон сарфаҳм рафта, ҳамроҳ қадамҳои аввалин мегузоранд – ҳарфҳои нахустинро ёд мегиранд ва бори нахуст “салом!”-ро талаффуз мекунанд.

“Фарзанди ман мардумгурезу канораҷӯй аст, аз муносибат бо одамон ҳарос дорад. Аз ҷомеа дур аст, – мегӯяд Дилбар. – Бо ифтитоҳи марказ ӯ акнун бо дигар кӯдакону омӯзгорон муносибат мекунад. Ӯ онҳоро ба оғӯш гирифта, салом медиҳад, яъне кӯдак аллакай ба муносибату алоқа оғоз кард”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...