Иштироки Тоҷикистон дар вохӯрии онлайнии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ОМ ва ИМА

Вохӯрии навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Котиби давлатии ИМА дар қолаби С5+1 дар шакли маҷозӣ (онлайн) 28 феврал баргузор шуд. Тавре ки дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласаи мазкур вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд. Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои шарикӣ […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Вохӯрии навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Котиби давлатии ИМА дар қолаби С5+1 дар шакли маҷозӣ (онлайн) 28 феврал баргузор шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласаи мазкур вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои шарикӣ дар қолаби мазкур баррасӣ гардиданд.

Зикр мегардад, ки дар мулоқот ҷонибҳо ба мавзӯи амнияти минтақавӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд. Аз дигар ҷузъиёти вохӯрӣ маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар Twitter навиштааст, дар ин мулоқоти маҷозӣ вазъият дар Украина баррасӣ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, вохӯрӣ бо мақсади мавриди баррасӣ қарор додани ҳамлаи Русия ба Украина доир гардидааст.

“Мо арзиши шарикии худро дар тӯли 30 соли муносибатҳои дуҷониба ва дастгирии соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии ин кишварҳо таъкид кардем”, – зикр кардааст Энтони Блинкен.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.