Тоҷикистону Эрон барои истирдоди зиндониён созиш карданд

Date:

Порлумони Тоҷикистон созишномаи истирдоди маҳкумшудагон миёни Тоҷикистон ва Эронро ба тасвиб расонд. Созишнома дар ҷаласаи рӯзи 9 марти палатаи поёнии парлумон қабул шудааст.

Вакилони парлумони Тоҷикистон ҳадафи созишномаи мазкурро ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон маънидод кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулин, ҳоло ягон шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Эрон адои ҷазо намекунанд.

Мирзоамон Рофизода, муовини Додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 9 март, ҳангоми муаррифии тарҳи созишнома гуфт, “он имкони ҳамкориро дар самти интиқоли шахсе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ дар яке аз кишварҳо маҳкум шудааст, бо мақсади адои муҳлати боқимондаи ҷазо дар кишваре, ки маҳкумшуда шаҳрванди он мебошад, ба миён меорад”.

Номбурда дар ҳузури вакилон гуфт, ҳоло  танҳо як шаҳрванди Эрон бо ҷурми тайёрӣ ба ҷиноят ё сӯиқасди ҷиноят ва роҳзанӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд.

– Чунончи, бо ҳукми Суди вилояти Хатлон аз 7 январи соли 2022, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Резвониён Сайёдҳусейн, соли таваллудаш 21 марти соли 1972 бо моддаҳои 32 қ.3-104 қисми 2 (тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят) ва 249 қисми 3 бандҳои «а, з, и» (роҳзанӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 17 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, – гуфт муовини додситони кул.

Аз ин пештар, вакилони парлумони Тоҷикистон созишномаи истирдоди ҷинояткорон миёни Тоҷикистон ва Маҷористонро ба тасвиб расонда буданд. Ин нахустин созишномаи истирдод миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба ҳисоб мерафт.

Ҳангоми муаррифии тарҳи созишнома, рӯзи 15-уми декабри соли 2021 Дилшод Талбакзода, муовини Додситони кулли Тоҷикистон, ҳадафи онро "тақвияти ҳамкорӣ дар бахши истирдоди тарафайни ҷинояткорон ва афроди дар таъқиб қарор дошта" унвон карда буд. Вале бархе коршиносон гуфта буданд, ки Тоҷикистон бо имзои ин санад ҳадафи истирдоди мухолифони сиёсии ҳукуматро, ки бештар дар кишварҳои аврупоӣ кору зиндагӣ доранд, дорад.

Ба ғайр аз Эрон ва Маҷористон, Тоҷикистон бо кишварҳои узви ИДМ, Укроин, Чин, Аморати Мутаҳидаи Араб ва Афғонистон созишномаи истирдоди маҳкумшудагонро ба кишварҳои якдигар ба имзо расонидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...