Истихбороти “Толибон” чанд корманди “Тулуънеюс”-ро боздошт кардаанд

Истихбороти "Толибон" чанд тан аз кормандони шабакаи телевизиони "Тулуънеюс"-ро дар Кобул боздошт карда, ба ҷойи номаълуме бурдаанд. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон хабар додаанд.  Нашрияи "8 субҳ" менависад, ки ин боздошт шоми рӯзи панҷшанбеи 17-уми март сурат гирифтааст ва неруҳои истихбороти "Толибон" се корманди ин шабакаро боздошт кардаанд. Дар ҳамин ҳол, BBC хабар додааст, ки […]

Asia-Plus

Истихбороти "Толибон" чанд тан аз кормандони шабакаи телевизиони "Тулуънеюс"-ро дар Кобул боздошт карда, ба ҷойи номаълуме бурдаанд. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон хабар додаанд. 

Нашрияи "8 субҳ" менависад, ки ин боздошт шоми рӯзи панҷшанбеи 17-уми март сурат гирифтааст ва неруҳои истихбороти "Толибон" се корманди ин шабакаро боздошт кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, BBC хабар додааст, ки 15 фарди мусаллаҳи "Толибон" вориди дафтари кори "Тулуънеюс" дар Кобул шуда, Баҳром Амон гӯяндаи хабар ва муҷриb барномаҳои сиёсӣ, Хапалвок Софӣ, масъули барномаҳои хабарии ин телевизион ва як корманди дигари ин телевизионро боздошт карда? бо худ бурдаанд.

"Толибон" то кунун дар ин бора вокуниш накардаанд. 

Дар пайи ин боздошт, Дафтари муовинати Созмони Миллали Муттаҳид  дар Афғонистон (UNAMA) аз боздошти ин хабарнигорон изҳори нигаронӣ карда, онро "боздошти худсарона" номидааст. 

UNAMA аз низомиёни мусаллаҳи "Толибон" хостааст, ки рӯзноманигорони боздоштшударо раҳо кунанд ва таъкид кардааст, ки бояд ба боздошту таҳдидҳо алайҳи хабарнигорон хотима дода шавад. 

Дар ҳамин ҳол? гуфта мешавад, ки кормандони "Тулуънеюс" пас аз ҳамагонӣ шудани мактуби вазорати амри ба маъруф ва наҳӣ аз мункари "Толибон" боздошт шудаанд.

Пештар ин телевизион эълон карда буд, ки  ин вазорат бо ирсоли як мактуб аз расонаҳои марбут ба "Моби групп" хоста аст, ки сериёлҳои хориҷиро дигар нашр накунанд. 

Аммо "Тулуънеюс" пас аз як соати нашр ин хабари марбут ба мактубро аз саҳфаҳояш пок кард.

Телевизиони "Тулуънеюс" як телевизиони хусусии марбут ба гуруҳи расонаҳои "Моби групп" аст, ки яке аз шабакаҳои маъруфи хабарӣ дар ин кишвар бархе кишварҳои минтақа дониста мешавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.