Тарма дар ноҳияи Роштқалъа ду хонаро тахриб кард

Хонаи аввал зери тарма монда, манзили дуюм аз обхезӣ пас аз маҷрои дарёи Шоҳдараро бастани тарма тахриб шуд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” сокинони деҳа Шоди ноҳияи Роштақалъаи ВМКБ хабар доданд, тарма субҳи рӯзи 17 март фаромада, як хона то ҳол зери он аст. Дар идома тарма пеши маҷрои оби дарёи Шоҳдараро баста, дар натиҷа сатҳи […]

Хонаи аввал зери тарма монда, манзили дуюм аз обхезӣ пас аз маҷрои дарёи Шоҳдараро бастани тарма тахриб шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” сокинони деҳа Шоди ноҳияи Роштақалъаи ВМКБ хабар доданд, тарма субҳи рӯзи 17 март фаромада, як хона то ҳол зери он аст.

Дар идома тарма пеши маҷрои оби дарёи Шоҳдараро баста, дар натиҷа сатҳи оби дарё боло ва аз соҳилҳо мебарояд. Дар натиҷа як хонаро пурра шуста, ба хоҷагии ин хонавода қисман зарар расонидааст. Аз ҷумла, чорвои хонагии ин оиларо об бурдааст. Аз одамон касе осеб надидааст.

Ба гуфтаи сокинон, агар мақомоти маҳаллӣ саривақт техника мефиристоданд, манзили дуюмро эмин нигоҳ доштан мумкин буд. Онҳо гуфтанд, чандин маротиба ба сохторҳои дахлдор занг задаанд, то ки барои аз дарё баровардани барфтӯдаҳо техника фиристанд, лекин он баъди 5 соат омадааст. То ин вақт хоҷагии хонавода аллакай осеби ҷиддӣ дида буд.

“То омадани онҳо сокинони маҳаллӣ талош карданд, ки бо қувваи худ барои дарё роҳ кушоянд, лекин ин кор барояшон даст надод. Ҳарчанд об бо ин роҳ ҳам мерафт, лекин сатҳи он кам намешуд. Агар техника саривақт меомад, ин хонавода зара намедид”, – мегӯянд сокинони деҳаи Шод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.