Умедаи 18-сола панҷ рӯз шуд бедарак аст. Наздиконаш барои пайдо кардани ӯ ёрӣ мехоҳанд

Наздикони як ҷавондухтари 18-сола – Умеда Аҳадова дар Душанбе аз мардум мехоҳанд дар пайдо кардани ӯ кӯмак кунанд. Ин ҷавондухтар рӯзи 23-юми март бедарак шуда, кофтукоб ва талошҳои наздиконаш то кунун натиҷае надодааст. Хуршеда, хоҳарбузурги Умеда дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки хоҳараш бемории руҳӣ дорад ва панҷ рӯз мешавад, ки кофтукоби онҳо натиҷае надодааст […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Наздикони як ҷавондухтари 18-сола – Умеда Аҳадова дар Душанбе аз мардум мехоҳанд дар пайдо кардани ӯ кӯмак кунанд. Ин ҷавондухтар рӯзи 23-юми март бедарак шуда, кофтукоб ва талошҳои наздиконаш то кунун натиҷае надодааст.

Хуршеда, хоҳарбузурги Умеда дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки хоҳараш бемории руҳӣ дорад ва панҷ рӯз мешавад, ки кофтукоби онҳо натиҷае надодааст ва ҳоло намедонанд хоҳараш дар кадом ҳолат ва шароит ин рӯзҳоро паси сар намуда истодааст. 

Хуршеда қисса кард, ки хоҳараш рӯзи 23-юми март, соати 10 барои партофтани партов, ки дар канори манзили зисташон қарор дорад меравад ва дигар ба хона бар намегардад. Аъзои хонавода баъди каме дертар ҳозир шудани Умеда берун мераванд, вале ӯро пайдо намекунанд. 

Ба гуфтаи Хуршеда, баъди пурсупоси ҳамсояҳо, роҳгузарҳо ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштани аксаш, як марда ба онҳо тамос гирифта гуфтаас, ки Умеда сатили партовашро канор гузошта, худ тарафи роҳи асосӣ, ба сӯйи маркази савдои «Мардон» рафтааст. 

«Каме дер омад, барои кофтанаш берун шудем, вале танҳо сателашро дар пеши партовгоҳ ёфтему халос. Ҳамаро пурсидем, гуфтанд тарафи Мардон рафт. Мо худамон дар кӯчаи Борбад зиндагӣ мекунем. Рафтем онҷо ва ҳамаи ҳамун канорро кофтем, вале нест. Ба тамоми хешу табор, ҳамсинфонаш  занг зада пурсон шудем, аммо пайдо накардем», – гуфт хоҳараш.

Хоҳарбузурги Умеда гуфт, ки бинобар сабабаи бемории руҳи доштани ҳоҳарашон ин бори аввал нест, ки ӯ бедарак мешавад. Ӯ гуфт, ки як маротибаи дигар низ ҳамроҳи бародарзодаи хурдсолаш гум шуда буд, ки баъдан милитсия онҳоро аз шаҳри Ваҳдат пайдо кард. 

«Хоҳарам бо касе дӯстӣ намекунад, худашт танҳоӣ мегардад, ҳамеша зери назорат аст. Аммо як бори дигар низ гум шуд. Мошин савор шуда рафтаст Ваҳдат. Чунки ӯ худро ба ронандагон ё дигар роҳгузарҳо нодуруст муарифӣ мекунад, ки аз Ваҳдат аст ё аз Кӯлоб аст ва бо ҳамин роҳ ӯро ба мошин савор мекунанд».

Хуршеда илова кард, ки дар ҳамин панҷ рӯз, ҳоло дигар нафаре бо онҳо тамос нигирифтааст ва аз ҳоли хоҳараш хабаре надодааст.

Ин хонавода умед доранд, киҳар чи зудтар Умедаро соқу саломат  пайдо мекунанд ва аҳли хонавода ҷустуҷӯи худро қатъ накардаанд. Ин хонавода барои пайдо намудани Умеда ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ низ ариза навишаанд. 
Хонаводаи Умеда Аҳадова аз тамоми мардум хоҳиш доранд, ки барои дарёфти фарзандашон ба онҳо кӯмак намоянд ва дар ҳолати диданаш ба рақамҳои  -992 930303898 тамос бигиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, TelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.