Як мактабхон аз Восеъ дар як озмуни байналмилалӣ медали тиллоро соҳиб шудааст ва ба Лондон меравад

Омина Худойқулова як мактабхони 14-сола аз ноҳияи Восеъ  дар Олимпиадаи байналмилалии Teeneagle ONLINE аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гшудааст. Омина хонандаи синфи 8-и Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ  буда, дар даври ниҳоии олимпиада, ки аз 31 июл то 7 августи соли 2022 дар донишгоҳи «Брунел» — и шаҳри Лондони Бритониёи Кабир […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Омина Худойқулова як мактабхони 14-сола аз ноҳияи Восеъ  дар Олимпиадаи байналмилалии Teeneagle ONLINE аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гшудааст.

Омина хонандаи синфи 8-и Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ  буда, дар даври ниҳоии олимпиада, ки аз 31 июл то 7 августи соли 2022 дар донишгоҳи «Брунел» — и шаҳри Лондони Бритониёи Кабир баргузор мегардад, ширкат хоҳад кард.

Хабаргузории давлатии «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳадаф аз баргузории олимпиада дар сатҳи баланд омӯхтани забони англисӣ буда, ширкаткунандагоне, ки дар ҳама даврҳои ин олимпиада ғолиб омадаанд, тибқи низомномаи озмун метавонанд барои таҳсили ройгон дар 12 донишгоҳи бонуфузи Англия роҳхат бигиранд.

Бояд гуфт, ки олимпиадаи Teeneagle ONLINE рӯзи  26-уми марти соли равон  тариқи фосилавӣ баргузор гардида буд ва ин хонандаи тоҷик  мақоми аввалро ба даст овардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.