Автобуси масири Душанбе-Тирмиз рӯзҳои ҷумъа ба роҳ мебарояд

Автобус бо хатсайри аввал ба Тирмиз рӯзи ҷумъа, 8 апрел соати 10:00 раҳсипор мегардад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ширкати “Холдинг Азия Групп Тоҷикистон”. Ба гуфтаи як корманди ширкат, билети автобус то Тирмиз 80 сомонӣ нарх дошта, масофаи роҳ 251 км ва дар роҳ 5,5 соат вақт сарф мешавад. Аз Душанбе то Деҳнав бо ҳамин […]

Автобус бо хатсайри аввал ба Тирмиз рӯзи ҷумъа, 8 апрел соати 10:00 раҳсипор мегардад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ширкати “Холдинг Азия Групп Тоҷикистон”.

Ба гуфтаи як корманди ширкат, билети автобус то Тирмиз 80 сомонӣ нарх дошта, масофаи роҳ 251 км ва дар роҳ 5,5 соат вақт сарф мешавад.

Аз Душанбе то Деҳнав бо ҳамин автобус 55 сомонӣ нарх муқаррар шуда, масофаи роҳ 107 км ва вақт дар роҳ 2,5 соатро дар бар мегирад. Алҳол дар як ҳафта 1 хатсайр рӯзҳои ҷумъа пешбинӣ шудааст.

Автобус бегоҳӣ ба Тирмиз расида, бо хатсайри бозгашт ба Душанбе соати 10:00-и субҳи рӯзи дигар ба роҳ мебарояд.

Барои харидани билет шаҳрвандон шиносномаи хориҷӣ ва гувоҳнома (сертификат) дар бораи ваксина гирифтан зидди COVID-19-ро бояд бо худ дошта бошанд. Барои дарёфти маълумоти муфассал ва пайдо шудани саволҳо метавонед бо рақами телефони 1616 муроҷиат кунед.

Қобили зикр аст, ки соли 2018 низ хатсайри автобуси Душанбе-Тирмиз роҳандозӣ шуда, лекин аз лиҳози иқтисодӣ натиҷаҳои дилхоҳ надод, аз ин рӯ, бинобар сабаби зиёновар буданаш, хатсайр баста шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.