Номи Афзалшоҳ Шодиро аз рӯйхати овозхонҳои консерти маҳфили сафари президент ба Панҷакент хат заданд. Чаро?

Бар асоси иттилои дарёфтӣ, номи ҳунарманд ва овозхони шинохта Афзалшоҳ Шодиро аз рӯйхати овозхонҳое, ки бояд дар як барномаи консертӣ дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Панҷакент ҳунарнамоӣ кунанд, хат задаанд. Инро масъулони баргузории ин маҳфил  ба “Азия-Плюс” низ таъйид карданд. Дар шаҳри Панҷакент берун кардани Афзалшоҳ Шодиро аз ин барномаи консертӣ, […]

Хуршед Фозилов, барои Asia-Plus

Бар асоси иттилои дарёфтӣ, номи ҳунарманд ва овозхони шинохта Афзалшоҳ Шодиро аз рӯйхати овозхонҳое, ки бояд дар як барномаи консертӣ дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Панҷакент ҳунарнамоӣ кунанд, хат задаанд. Инро масъулони баргузории ин маҳфил  ба “Азия-Плюс” низ таъйид карданд.

Дар шаҳри Панҷакент берун кардани Афзалшоҳ Шодиро аз ин барномаи консертӣ, мухлисони ҳунараш бисёр ба сахтӣ қабул кардаанд ва онҳо аз ин ҳато дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳорӣ нигаронӣ мекунанд.

Дар назар аст, то 10-уми апрел Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент сафар кунад. Ҳарчанд ҳадафи ин сафар то кунун эълон нашудааст, аммо омодагиҳо ба чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла барномаҳои фарҳангӣ дар ҷараён аст.

Худи Афзалшоҳ Шодӣ, дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба мо гуфт, ки ба ман супориш шуда буд, ки ягон суруду оҳанги нав омода намоям.

“Ман тайёр кардам.  Дар аввал гуфтанд, ки суруд олиҷаноб аст, гузашт. Ҳатто шоир Озарахш дар ҳамонҷо буд ва ба ӯ ҳам писанд омад. Вале намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки дигар баромади маро гирифтаанд. Ман бо касе ягон мушкил надорам. Солҳост, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат карда истодаам. Ҳамеша ба халқу Ватан хидмат мекунам».

Дар ҳамин ҳол Ориф Набиев, саркоргардони чорабинӣ ҳам, дар рӯйхат набудани ҳунарнамоии Афзалшоҳ Шодиро тасдиқ кард ва гуфт, ки мо хостем бештар такя ба ҷавонон кунем. 

«Дар барномаи мазкур аз ҳама гӯшаи вилояти Суғд овозхонҳо суруд иҷро мекунанд. Аз Исфара, Хуҷанд, аз Яғноб аз Панҷакент. Ин чорабинии умумивилоятӣ аст» – гуфт Ориф Набиев.

Вале Обид Назаров, муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳар лаҳза ҳолат тағйир ёфтанаш мумкин.

«Ростӣ ман суруди омодакардаи Афзалшоҳро гӯш кардам. Воқеан хоҳиши мухлисони Афзалшоро вазири мо ҳам шунидаанд. Мӯҳтарам вазир гуфтанд, ки ман талаби мухлисони овозхонро ба раиси вилоят расонам. Ҳоло ман пешниҳодҳоямро ба раиси вилоят изҳор медорам»,-мегӯяд муовини вазир.

Дар ҳамин ҳол, бархе ах ҳаводорони ҳунари ин овозхон умедворӣ мекунанд, ки бояд саҳна барои ҳунармандоне, ки мардум онҳоро эҳтиром мекунад, танг карда нашавад.

Самад Самадов, сокини Панҷакент ва яке аз ҳаводорони Афзалшоҳ Шодӣ ба ин бовар аст, ки шояд масъулин ба ӯ навбат диҳанд ва бояд дар ин чорабинӣ баромад кунад. Зеро мо ҳазорон ҳаводораш интизори иҷрои Ҳоҷӣ Афзалшоҳ ҳастем.

Акнун маълум нест, ки ин мавзуъ чӣ гуна ҳал мешавад, тавре муовини аввали вазири фарҳанг мегӯяд, онҳо ин мавзуъро бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷараён мегузоранд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.