Тағйироти кадрӣ: Субҳонзода аз Агентии ҳавонавардӣ барканор ва раиси Агентии назорат дар соҳаи маориф шуд

Бар асоии иттилои дарёфтии "Азия-Плюс" имрӯз дар бархе аз ниҳодҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Бар пайи ин тағйирот Икром Субҳонзода аз мақоми мудири Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон барканор шудааст. Як манбаи "Азия – Плюс" дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ки Субҳонзода бо фармони президент мудири Агнетии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм таъин […]

Asia-Plus

Бар асоии иттилои дарёфтии "Азия-Плюс" имрӯз дар бархе аз ниҳодҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Бар пайи ин тағйирот Икром Субҳонзода аз мақоми мудири Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон барканор шудааст.

Як манбаи "Азия – Плюс" дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ки Субҳонзода бо фармони президент мудири Агнетии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм таъин шудааст. Аммо ҳоло маълум нест, ки ба ҷойи Субҳонзода кӣ мудири Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон таъин шудааст.

Икрон Субҳонзода дар гузашта ҳам дар Вазорати маориф ва илми кишвар кор мекард.

Раиси пешини Оҷонсии давлатии назорат дар соҳаи маориф Шоҳин Саидзода, писари вазири собиқи маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид буд, ки 21-уми феврал аз мақомаш барканор шуда буд.

Ҳамчунин бар пайи тағйироти имрӯз, Зубайдулло Абдулзода муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъин шудааст.  Абдуллозода то ин дам мудири Литсейи шумораи 1-и Душанбе буд. 

Бо қарорҳои дигари раиси ҳукумати Тоҷикистон Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Ғафуров, Сарвар Қурбониён, муовини вазири молия ва Нигина Абдураҳмонзода, директори Агентии рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.