Аз “пионервожат” то ректорӣ: раҳбари нави Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кист?

Усмонзода Аюб Ислом бо қарори раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ректори нави Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таъин шуд. Курсии ректори ин донишгоҳи бузургтарини вилояти Суғд аз 21-уми феврал ба ин сӯ, холӣ буд.  Ҷамшед Ҷӯразода, ректори собиқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар моҳи феврал аз мақомаш барканор ва муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон таъин шуда буд. Аюб Усмонзода то […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Усмонзода Аюб Ислом бо қарори раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ректори нави Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таъин шуд. Курсии ректори ин донишгоҳи бузургтарини вилояти Суғд аз 21-уми феврал ба ин сӯ, холӣ буд. 

Ҷамшед Ҷӯразода, ректори собиқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар моҳи феврал аз мақомаш барканор ва муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон таъин шуда буд.

Аюб Усмонзода то расидан ба курсии ректори бузургтарин мактаби олии вилояти Суғд, муовини ректори ҳамин донишгоҳ дар умури тарбиявӣ буд ва 50-сола мебошад.

Аюб Усмонзода 3 марти соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соли 1995 факултаи таъриху ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардааст. 

Ӯ то расидан ба мақоми ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар вазифаҳои сарпионервожатии мактаби миёнаи № 15-и Хуҷанд (1989-1991), ҷонишини директор ва муаллими таърихи мактаби миёнаи № 9 (1991-1993), муаллими таърихи мактаби миёнаи № 15-и Хуҷанд дар солҳои 1993-1994 буд.

Аммо баъди солҳои 1994 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд омада, корро дар ин мактаби олии шимолии Тоҷикистон ба ҳайси танзимгари факултети таърих оғоз кардааст.

Солҳои 1998-2019 дараҷаҳои илмии номзад ва доктори илмҳои таърихро соҳиб шудааст. Дар вазифаҳои мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон, ҷонишини раиси кумитаи иттифоқи касабаи ин донишгоҳ низ кор кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.