Дар Тоҷикистон низоми миллии ҷустуҷӯии мушобеҳ ба Google ва Яндекс сохта шуд

Дар Тоҷикистон барномасозон низоми миллии ҷустуҷӯии мушобеҳ ба Google ва Яндекс – Dodaho -ро сохтанд. Онҳо мегӯянд, имрӯз аз ин низоми ҷустуҷӯӣ аз 10 то 50 ҳазор нафар корбарон истифода мекунанд. Таҳиягари ин низом Файзуллоҷон Сафаров, омӯзгори филиали Донишгоҳи МИСиС дар Душанбе ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки муддати 4 сол инҷониб бо дӯстонаш рӯйи ин […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон барномасозон низоми миллии ҷустуҷӯии мушобеҳ ба Google ва Яндекс – Dodaho -ро сохтанд. Онҳо мегӯянд, имрӯз аз ин низоми ҷустуҷӯӣ аз 10 то 50 ҳазор нафар корбарон истифода мекунанд.

Таҳиягари ин низом Файзуллоҷон Сафаров, омӯзгори филиали Донишгоҳи МИСиС дар Душанбе ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки муддати 4 сол инҷониб бо дӯстонаш рӯйи ин лоиҳа кор мекунанд.

“Дар ин муддат маълумоти зиёде ҷамъоварӣ намудем. Яке аз фарқиятҳои низоми мо аз Google ва Яндекс дар он аст, ки Dodaho дар бораи минтақаи мо маълумоти дақиқу саҳеҳтар медиҳад”, – мегӯяд Сафаров.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон онҳо рӯйи боз кардани замима ва браузери ҷудогона барои низомии ҷустуҷӯии худ кор мекунанд.

“Ба муваффақ шудани лоиҳа бовар доштам. Баъди як ҳафта замима ба кор даромада, дар Google play пайдо мешавад ва корбарон аз онро боргирӣ (скачать) карда метавонанд. Дар оянда браузери алоҳидаро ба мисли Google, Opera ва Яндекс барои компютерҳо роҳандозӣ карданием”, – гуфт вай.

Файзуллоҷон Сафаров изҳор намуд, ки барои роҳандозии лоиҳа муаллифони он маблағҳои худро харҷ кардаанд.

“Касе ба мо бовар надошт, мегуфтанд, ки рақобат кардан бо низомҳои ҷустуҷӯӣ ба монанди Google ва Яндекс хеле душвор аст. Лоиҳа асосан аз ҷониби волидону бародаронам ва чанде аз дӯстонам, ки ҳозир бо ман баҳри амалисозии он кор мекунанд, маблағгузорӣ шуд”, – иброз дошт Сафаров.

Ёдрас мекунем, ки қаблан низ дар Тоҷикистон баҳри роҳандозии шабакаи иҷтимоии миллӣ кӯшишҳо ба харҷ дода шуданд. Масалан, соли 2012 донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд шабакаи www.socialnet.tj-ро роҳандозӣ намуда, лекин бо сабаби мавҷуд набудани маблағгузорӣ, минбаъд ин лоиҳа рушд наёфт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.