Тоҷикистон парвозҳоро бо Эрону Ҳиндустон барқарор мекунад

Пас аз танаффуси дусола Тоҷикистон алоқаи ҳавоиро бо Ҳиндустону Эрон барқарор мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ. “Пас аз танаффуси дусола бар асари пандемияи COVID-19, Тоҷикистон парвозҳоро бо хатсайрҳои Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе, Душанбе-НурСултон-Душанбе ва Душанбе-Теҳрон-Душанбе дубора аз сар гирифта, парвозҳо 2 маротиба дар як ҳафта анҷом дода мешаванд”, – гуфт манбаъ. Ба иттилои […]

Пас аз танаффуси дусола Тоҷикистон алоқаи ҳавоиро бо Ҳиндустону Эрон барқарор мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ.

“Пас аз танаффуси дусола бар асари пандемияи COVID-19, Тоҷикистон парвозҳоро бо хатсайрҳои Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе, Душанбе-НурСултон-Душанбе ва Душанбе-Теҳрон-Душанбе дубора аз сар гирифта, парвозҳо 2 маротиба дар як ҳафта анҷом дода мешаванд”, – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, парвозҳоро бо хатсайри Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе аз 9 апрел ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” оғоз карда, парвозҳоро бо хатсайри Душанбе-Теҳрон-Душанбе ширкати ҳавопаймоии эронии “Iran air” анҷом медиҳад.

“Ба наздикӣ “Iran air” ба анҷоми парвозҳои мустақим бо хатсайри Душанбе-Теҳрон-Душанбе ҳафтае ду маротиба оғоз мекунад. Мувофиқи имкон ширкати “Сомон Эйр” ҳам бо ин хатсайр парвозҳо ба иҷро мерасонад”, – гуфтанд дар Агентии авиатсияи гражданӣ.

Бино ба маълумоти ширкати “Сомон Эйр” барои парвоз бо хатсайри Душанбе-Деҳлӣ ба мусофирон пешниҳод кардани гувоҳномаи пурра гузаштан аз ваксингирӣ зидди коронавирус бо забони англисӣ кофист. Шахсоне, ки ваксина нагирифтаанд ё қисман ваксина гирифтаанд, бояд маълумотнома (справка)-и тести ПСР аз COVID-19-ро бо забони англисӣ, ки на дертар аз 72 соат то расидан ба фурудгоҳи Деҳлӣ дода шудааст, пешниҳод намоянд. Ғайр аз ин, мусофироне, ки ба Деҳлӣ парвоз мекунанд, бояд мақом (статус)-и худро дар онлайн-портали Air Suvidha навсозӣ кунанд. Ба мусофироне, ки ба Тоҷикистон меоянд, пешниҳоди маълумотномаи ПСР-тест дар бораи гирифтор набудан ба сирояти коронавирус зарур аст. Муҳлати амали тест – 72 соат мебошад. Барои кӯдакони синни то 3-сола маълумотнома талаб намешавад.

Дар Агентӣ ҳамчунин хабар доданд, ки бо мақсади сабук ва мусоид кардани равуои шаҳрвандон ва поинравии нархи билетҳо, парвозҳои доимӣ бо хатсайрҳои Душанбе-Алмато-Душанбе, Душанбе-Дубай-Душанбе, Душанбе-Истанбул-Душанбе, Душанбе-Тошканд-Душанбе, инчунин парвозҳо ба шаҳрҳои гуногуни Русия зиёд карда мешаванд.

“Бо ин мақсад Агентии авиатсияи гражданӣ ҳамкории мутақобиларо бо раҳбарияти сохтори марбутаи кишварҳои хориҷи дур ва наздик, инчунин ширкатҳои ҳавопаймоӣ тақвият бахшида, бо дархости ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ ҷадвали парвозҳо мувофиқа мешавад”, – гуфтанд дар Агентӣ.

Ёдрас мекунем, ки бо сабаби пандемияи коронавирус дар як қатор шаҳрҳои Эрон, парвозҳо байни Тоҷикистон ва ин кишвар аз 24 феврал боздошта шуда буданд. Аз 20 марти соли 2020 Тоҷикистон парвозу қабули ҳавопаймоҳоро дар ҳамаи фурудгоҳҳо қатъ кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.