Даъвои нав бар зидди Иззат Амон барои гирифтан $7 ҳазор. Ӯ даъворо рад кардааст

Алайҳи  Иззат Амон, ҳомии муҳоҷирони тоҷик, ки соли гузашта 9 сол равонаи зиндон шуда буд, даъвои нав ворид шудааст. Як сокини дигари шаҳри Бохтар ӯро барои гирифтани 7 ҳазор доллар мутаҳҳам мекунад. Вакили дифои Иззат, Саидбурҳон Шарипов бо тасдиқи ин хабар ба “Азия – Плюс” гуфт, ки имрӯз, 20 апрел рӯбарӯкунии даъвогар бо Иззат Амон […]

Мазҳаб Ҷумъа, Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Алайҳи  Иззат Амон, ҳомии муҳоҷирони тоҷик, ки соли гузашта 9 сол равонаи зиндон шуда буд, даъвои нав ворид шудааст. Як сокини дигари шаҳри Бохтар ӯро барои гирифтани 7 ҳазор доллар мутаҳҳам мекунад.

Вакили дифои Иззат, Саидбурҳон Шарипов бо тасдиқи ин хабар ба “Азия – Плюс” гуфт, ки имрӯз, 20 апрел рӯбарӯкунии даъвогар бо Иззат Амон сурат гирифт ва Иззат гирифтани ин маблағро инкор кард.

– Ин сокини Бохтар зерҳимояи маро дар гирифтани 7 ҳазор доллари амрикоӣ муттаҳам мекунад. Вале имрӯз оиди ҳолати навошкоршуда амали рӯбарӯкунӣ гузаронида шуд ва Иззат Амон гирифтани ин маблағро инкор намуд,- гуфт Шарипов.

Номбурда гуфт, айни ҳол ҷабрдида аз суханони бародараш  Иззат Амонро гунаҳкор карда истодааст, ки ин барои боз кардани парвандаи нав басанда нест.

Яке аз наздикони Иззат Амон ҳам дар суҳбат бо мо даъвои навро алайҳи ӯ тасдиқ намуд ва гуфт, ки ин масъала ҳанӯз ба 13 сол пеш – соли 2009 бармегардад, ки гӯё ин нафар барои киро кардани адвокат ба Иззат Амон 7 ҳазор доллар додааст.

– Иззат Амон маблағи ӯро гирифта ба адвокате, ки барои онҳо киро карда буд, додааст. Дигар намедонад, ки байни онҳо чӣ гузашт. Он адвокат барвақт аз олам гузашатааст. Акнун онҳо пайдо шуда, талаби маблағ кардаанд. Дар ҳоле ки маблағи онҳоро Иззат барои манфиати шахсиаш сарф накардааст. Ба ҳамон адвокати кирокардаи онҳо додааст,- гуфт манбаъи мо.

Вай афзуд, ҳангоми рӯбарӯкунӣ Иззат Амон гуфтааст, ки бо он маблағ адвокат гирифта, ба онҳо додааст ва дигар адвокат чӣ кор карду накард, марбут ба худи ҳамон адвокат аст.

Даъвои 7 ҳазор доллар аз сӯи як сокини шаҳри Бохтар дар ҳолест, ки се моҳ пеш дар “Ютуб” наворе пайдо шуд, ки марде худро Нурулло Воҳидов, сокини ноҳияи Бохтар муаррифӣ карда мегӯяд, барои аз зиндони Мордова ба Душанбе интиқол ёфтанаш ба воситаи шиносҳояш ба Иззат Амон 10 ҳазор доллар додааст, вале ӯ ваъдаашро иҷро накард.

Ин мард мегӯяд, забонхати Иззат Амонро барои гирифтани 10 ҳазор доллар дар даст дорад.

Аввалҳои моҳи апрел наздикони Иззат Амон хабар доданд, ки баъди вохӯрии Иззат Амон бо Нурулло Воҳидов дар боздошгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе, даъвогар тасдиқ намудааст, ки бар ивази 6 ҳазор доллари қарзаш як мошини тамғаи “Мерседес”-ро гирифтааст ва акнун даъво дорад, ки 4 ҳазор доллари боқимондаро баргардонад. Ин дар ҳолест, ки Иззат Амон гуфт, 4 ҳазори боқимондаро ба ҳамсари русаш дар Маскав расондааст.

Он замон гуфта мешуд, ки алайҳи Иззат Амон бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ) парвандаи нав боз шудааст.

Саидбурҳон Шарипов, вакили дифои Иззат Амон ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки дар парванда забонхати Иззат дар мавриди гирифтани маблағ вуҷуд дорад.

Наздикони Иззат Амон мегӯянд, ин даъвои сокини Бохтар ҳам дар асоси парвандае, ки бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ) бо даъвои сокини дигари шаҳри Бохтар Нурулло Воҳидов боз шуда буд, таҳқиқ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Иззат Амон рӯзи 19 октябри соли 2021, бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе 9 сол равонаи зиндон гардид. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Иззат Амонро бетағйир гузошт.

Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва баъдан ВКД Тоҷикистон гуфт, ӯро дар Душанбе боздошт ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.