Додгоҳи Олӣ ҳукми 9-соли зиндони Иззат Амонро тағйир надод

Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти вакили дифоъ ва наздикони Иззат Амонро баррасӣ кард, аммо ҳукми 9 соли зиндонро бетағйир боқӣ гузошт. Ҳукми 9 сол зиндон шудани Иззат Амонро Додгоҳи шаҳри Душанбе 19-уми октябри имсол содир карда буд.  Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти онҳоро бе ҳузури падараш рӯзи 16-уми […]

Asia-Plus

Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти вакили дифоъ ва наздикони Иззат Амонро баррасӣ кард, аммо ҳукми 9 соли зиндонро бетағйир боқӣ гузошт. Ҳукми 9 сол зиндон шудани Иззат Амонро Додгоҳи шаҳри Душанбе 19-уми октябри имсол содир карда буд. 

Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти онҳоро бе ҳузури падараш рӯзи 16-уми ноябр баррасӣ кард.

"Додрас ҳукмро бетағйир гузошт. Вакили мудофеъ гуфт, ки Додгоҳи Душанбе зерҳимояашро бе далел ба 9 сол зиндон маҳкум кардааст. Дар посух гуфтанд, аз Вазорати корҳои дохилӣ маълумотнома биёред, ки нисбати Иззат Амон парвандаи дигаре кушода шудааст ё не," — нақл кард Холов.

Наздикони Иззат Амон ба Радиои "Озодӣ" гуфта буданд, ки ӯро барои 232 сомоние, ки ба дасти як даъвогар расонда натавонистанд, аз озодӣ маҳрум намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.