Иттиҳоди Аврупо то ин дам ба Укроин €1,5 млрд ёрии низомӣ кардааст

Аз оғози ҷанги Русия дар Укроин ҳаҷми ёриҳои низомии Иттиҳоди Аврупо ба Укроин ба  €1,5 млрд расидааст. Дар ин бора роҳбари Шӯрои Аврупо Шарл Мишел дар шаҳри Киев хабар дод. Мишел бо президенти Укроин Владимир Зеленский мулоқот кард. Президенти Укроин гуфт, ки онҳо таҳримҳои зидди Русия, инчунин кӯмаки низомиву мудофиавии Иттиҳоди Аврупо ба Киевро баррасӣ кардаанд. Зеленский […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Аз оғози ҷанги Русия дар Укроин ҳаҷми ёриҳои низомии Иттиҳоди Аврупо ба Укроин ба  €1,5 млрд расидааст. Дар ин бора роҳбари Шӯрои Аврупо Шарл Мишел дар шаҳри Киев хабар дод.

Мишел бо президенти Укроин Владимир Зеленский мулоқот кард. Президенти Укроин гуфт, ки онҳо таҳримҳои зидди Русия, инчунин кӯмаки низомиву мудофиавии Иттиҳоди Аврупо ба Киевро баррасӣ кардаанд.

Зеленский ҳамчунин илова кард, ҷонибҳо суолномаеро баррасӣ кардаанд, ки Укроин ахиран барои шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо онро пур карда буд. Чанд рӯзи пеш мақомоти Укроин онро ба Иттиҳод супориданд.

Мишел дар сафараш ба Укроин ба шаҳраи Бородянки наздики Киев рафт, ки чанде пеш артиши Русияро он шаҳракро холӣ карда буд. Укроин артиши Русияро дар хушунат нисбати афрди мулкӣ гумонбар мекунад.

"Таърих ҷиноятҳои ҷангиеро фаромӯш нахоҳад кард, ки инҷо содир шудаанд. Ҳеч сулҳе бидуни адолат пойдор нахоҳад монд", – навишт роҳбари Шӯрои Аврупо дар саҳифаи Твиттер.

Аз оғози ҳамалаи Русия ба Укроин тибқи иттилои СММ, бештар аз 2 ҳазор сокини осоишта, аз ҷумла кӯдакон кушта шудаанд. Бештар аз 5 миллион кас Укроинро тарк карданд. Теъдоди муҳоҷирони иҷбории дохилӣ дар Укроин ба бештар аз 7 миллион мерасад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.