Иттиҳоди Аврупо бастаи шашуми таҳримҳо алайҳи Русияро 10 май қабул мекунад

Интизор меравад Иттиҳодияи Аврупо 10 май бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русияро қабул кунад. Ин бастаи таҳримҳо аз оғози ҷанги Русия дар Укроин бастаи шашум хоҳад буд. Дар ин бора бахши русии BBC хабар медиҳад.  Ҷозеф Боррел дипломати Шӯрои Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки дар ҷаласаи навбатии корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо  бастаи шашуми таҳримҳо алайҳи Русия таъйид карда […]

Asia-Plus

Интизор меравад Иттиҳодияи Аврупо 10 май бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русияро қабул кунад. Ин бастаи таҳримҳо аз оғози ҷанги Русия дар Укроин бастаи шашум хоҳад буд. Дар ин бора бахши русии BBC хабар медиҳад. 

Ҷозеф Боррел дипломати Шӯрои Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки дар ҷаласаи навбатии корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо  бастаи шашуми таҳримҳо алайҳи Русия таъйид карда мешавад. 

Дар бастаи нав эҳтимоли маҳдуд шудани содироти энергетикӣ аз Русия татбиқ шавад. Аз ҷумла таҳрими хариди нафти Русия дар назара аст, ки ин мавзуъ Маскавро аз даромадҳои ҳангуфт маҳрум мекунад, -гуфтааст дипломати аврупоӣ

Аммо Боррел гуфтааст, ки барои он ки ин бастаҳо пазируфта шаванд, бояд онро кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдорӣ кунанд, вале мисли пештара ин кишварҳо дар ин мавзуъ хеле ихтилофи назар доранд. 

"Вале ман хеле бовар дорам, ки дар баробари вориди нафт ин тавофуқ эҳтимол дорад то ҷаласаи навбатии Шӯро ба даст биояд",- илова кардааст ӯ. 
 
Ҷаласаҳои навбатии Шӯрои Аврупо 10 ва 16-уми май дар назар гирифта шудаанд. 
 
Дар баробари ин эҳтимол дорад, ки Комиссияи Аврупо Маҷористон ва Словакияро аз таҳрими хариди нафти Русия озод кунад, зеро ин ду кишвар вобастагии зиёде аз ин нафт доштаанд, навиштааст нашрияи Guardian бо такя ба изҳороти ду намояндаи ин комиссия. 
 
Бино ба маълумоти Оҷонсии ҷаҳонии энергетикӣ Маҷористон  58% маҳсулоти хоми нафт ва маҳсулоти нафтиро аз Русия ворид мекунад ва хеле вобастагии шадид ба нафти Русия дорад. Ин кишвар борҳо  изҳорот додааст, ки зери таҳримҳои энергетикӣ ҳеч гоҳе имзо намегузорад. 
 
Словакия бошад 96% маҳсулоти нафтии худро аз Русия ворид мекунад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.