Душанбе ва Суғд маблағи пардохтпулиҳо ба собиқадорони ҶБВ-ро эълон карданд

Мақомоти Душанбе маблағи пардохтпулиҳоеро, ки ба муносибати ҷашни 9 май ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) медиҳанд, муайян карданд. Шаҳрдории Душанбе хабар дод, ки дар пойтахт собиқадорон ҳар кадоме 3 ҳазор сомонӣ (240 доллар), коргарони ақибгоҳ, иштирокчиёни ҷанг дар Афғонистон, маъюбони садамаи Чернобил ва оилаҳое, ки саробонашон дар ҳифзи сохти конститутсионӣ ҳалок шуданд – 800 […]

Мақомоти Душанбе маблағи пардохтпулиҳоеро, ки ба муносибати ҷашни 9 май ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) медиҳанд, муайян карданд.

Шаҳрдории Душанбе хабар дод, ки дар пойтахт собиқадорон ҳар кадоме 3 ҳазор сомонӣ (240 доллар), коргарони ақибгоҳ, иштирокчиёни ҷанг дар Афғонистон, маъюбони садамаи Чернобил ва оилаҳое, ки саробонашон дар ҳифзи сохти конститутсионӣ ҳалок шуданд – 800 сомонӣ (64 доллар) мегиранд.

Гуфта мешавад, бо ин мақсад аз фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе 288 ҳазору 600 сомонӣ ҷудо шуда, маблағҳо ба собиқадорон на дертар аз 7 май шахсан аз ҷониби намояндагони шаҳрдорӣ супурда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои хабаргузории SUGDnews, дар шимоли ҷумҳурӣ барои кумаки якдафъаина ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз буҷети вилоят 477 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Иштирокчиён ва маъбони ҶБВ ва ҳамсарони хизматчиёни ҳарбӣ, ки бе саробон мондаанд, 6 ҳазор сомонӣ (480 доллар) мегиранд. Ба шахсони дар ҷанг иштироккарда ва на камтар аз 6 моҳ дар ақибгоҳ заҳматкашида; дорандагони медали “Барои Ғалаба бар Олмон дар ҶБВ-и солҳои 1941-1945”, “Барои Ғалаба бар Ҷопон” ва “Барои меҳнати шоён дар солҳои ҶБВ-и солҳои 1941-1945”  дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ кумаки якдафъаина дода мешавад.

“Ҳамин тавр, барои қадршиносии 18 нафар иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ 108 ҳазор сомонӣ ва 123 нафаре, ки дар ақибгоҳ фаъолият доштаву соҳиби медалҳои зикршуда ҳастанд, 369 ҳазор сомонӣ, дар умум 477 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст”, – хабар медиҳад ҳукумати вилоят.

Ёдрас мешавад, ки чорабинии идона ба муносибати Рӯзи Ғалаба 8 май дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони ҶБВ, ки дар мавзеи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон то 20 апрел 59 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ  боқӣ мондаанд. Дар ин бора Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ хабар дод.

Дар майдонҳои набарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ наздики 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ҷангида, аз ин шумор 92 ҳазор ҳалок ва бе ному нишон шуданд. Барои корнамоиҳо дар ҷанг ба 65 нафар зодагони Тоҷикистон унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуда, 15 нафар бо ордени “Шараф” ва боз 55 ҳазор кас бо ордену медалҳои дигар мукофотонида шуданд.

Ҳамасола собиқадорони ҶБВ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳалҳо ва инчунин президент кумак мегиранд. Соли гузашта маблағи кумаки президент 10 ҳазор сомониро ташкил дода буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.