Довталабон асосан табибу коршиноси судиву тиббӣ ва корманди андоз шудан мехоҳанд

Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон натиҷаҳои фосилавии бақайдгириро барои дохилшавӣ ба макотиби олии ҷумҳурӣ ҷамъбаст намуд. Бино ба маълумоти марказ, то 25 апрел аз нақшаи пешбинишудаи 105 ҳазору 997 ҷой дар муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбӣ барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ 92 ҳазору 264 нафар хатмкунанда ҳуҷҷат супоридаанд. Дар заминаи синфи 11 […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон натиҷаҳои фосилавии бақайдгириро барои дохилшавӣ ба макотиби олии ҷумҳурӣ ҷамъбаст намуд.

Бино ба маълумоти марказ, то 25 апрел аз нақшаи пешбинишудаи 105 ҳазору 997 ҷой дар муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбӣ барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ 92 ҳазору 264 нафар хатмкунанда ҳуҷҷат супоридаанд.

Дар заминаи синфи 11 ба гуруҳи ихтисосҳои кластери 5 “Тиббӣ, биологӣ ва варзиш” 32 ҳазору 868 нафар ҳуҷҷат супоридаанд, ки 17,68% зиёдтар аз ҷойҳои пешбинишуда дар мактабҳои олӣ аст.

Дар дигар кластерҳо норасоӣ ба мушоҳида мерасад: “Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ – 3,81%; Филология, педагогика ва санъат” – 4,35%; “Иқтисодӣ ва география – 38,89%”; “Табиӣ ва техникӣ – 52,22%”.

Дар заминаи синфи 9 кластери “Тиббӣ, биологӣ ва варзиш”-ро 10 ҳазору 223 нафра довталаб интихоб кардаанд, ки 88,51% аз нақшаи қабул зиёд аст.

Дар кластерҳои боқимонда норасоии довталабон ба назаро мерасад: дар гуруҳи ихтисосҳои кластери “Филология, педагогика ва санъат” – 31,6% камтар аз нақша; дар кластери “Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ” – 41,6%; “Иқтисодӣ ва география – 58,10%”; “Табиӣ ва техникӣ – 71,82%”.

Аз ҳама бештар ба ихтисоси “Эпидемиология, гигиена ва ҳифзи саломатӣ” дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида шуда, дар ин ихтисос барои як ҷой 533 нафар довталаб сабти ном шудаанд.

Дар идома боз бештар ба ихтисоси “Андоз ва андозбандӣ” ва “Ташхиси судӣ” ҳуҷҷат қабул шуда, дар ихтисоси аввал барои 1 ҷой 370 нафар ва дуюм – 348 нафар довталабон ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст