“Чанд тир тасодуфан гузашт”. Вокуниши Тоҷикистон ба тирпаронӣ аз тарафи Афғонистон

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар пасманзари хабарҳои тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон гуфт, чанд тир тасодуфан ба ҳудуди Тоҷикистон гузаштаанд. Иттилоияи расмии ин ниҳод, рӯзи 8 майи соли равон, як рӯз пас аз хабарҳо дар мавриди тирпаронӣ дар хабаргузории давлатии “Ховар” нашр шуд. Мақомоти расмии Тоҷикистон гуфтанд, ки задухӯрд миёни ҷангҷӯёни гуруҳи […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар пасманзари хабарҳои тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон гуфт, чанд тир тасодуфан ба ҳудуди Тоҷикистон гузаштаанд.

Иттилоияи расмии ин ниҳод, рӯзи 8 майи соли равон, як рӯз пас аз хабарҳо дар мавриди тирпаронӣ дар хабаргузории давлатии “Ховар” нашр шуд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон гуфтанд, ки задухӯрд миёни ҷангҷӯёни гуруҳи ДОИШ ва “Толибон” дар ноҳияи Хоҷағори вилояти Тахори Афғонистон дар рӯзи 7-уми май ва дар рӯ ба рӯйи дидбонгоҳи сарҳадии рақами 12 дар ноҳияи Панҷ якуним соат идома кардааст.

«Минтақаҳои мазкур дар наздикии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тирҳои болозикр тасодуфан ба ҳудуди кишвар гузаштаанд. Хисороти моливу ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст», – омадааст дар баёния.

Ин ниҳод гуфтааст, дар робита ба ин ҳодиса, неруҳои марзбонӣ ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронида шуда, ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тамоми имконият ва тавоноии ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатиро доранд.

«Айни замон аз ҷониби сохторҳои марбутаи “Толибон” дар минтақаи Хоҷағори вилояти Тахор барои муайян ва безарар гардондани гурӯҳҳои террористӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд», – омадааст дар хабарномаи Неруҳои марзбонии Тоҷикистон.

Вокуниши расмии ҷониби Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи 7-уми майи соли ҷорӣ баъзе аз расонаҳо ва бахши афғонии шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳамлаи мушакӣ аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон хабар доданд.

Бо гузашти чанд соат аз ин хабарҳо ҷангҷӯёни гуруҳи террористии ДОИШ бо нашри як баёния масъулияти ҳамлаи мушакӣ ба хоки Тоҷикистонро бар уҳда гирифтаанд.

Неруҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон муътадил буда, он таҳти назорати марзбонони тоҷик қарор дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.