Боз ду ҷашн дар Тоҷикистон зиёд шуд: рӯзи ҳимояи истеъмолгарон ва кормандони мубориза бо маводи нашъовар

Парлумони кишвар дар қонуни Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид иловаҳо ворид намуд, ки дар натиҷа, дар Тоҷикистон боз ду ид зиёд шуд: 15 март – Рӯзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон ва 1 июн –  Рӯзи кормандони мақомоти давлатӣ оид ба назорати маводи нашъовар. Иловаҳо ба қонун дар бораи рӯзҳои ид имрӯз, 11 май аз ҷониби вакилони […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Парлумони кишвар дар қонуни Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид иловаҳо ворид намуд, ки дар натиҷа, дар Тоҷикистон боз ду ид зиёд шуд: 15 март – Рӯзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон ва 1 июн –  Рӯзи кормандони мақомоти давлатӣ оид ба назорати маводи нашъовар.

Иловаҳо ба қонун дар бораи рӯзҳои ид имрӯз, 11 май аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумон ҳамовозӣ пайдо кард.

Дар шарҳи пешниҳоди таҷлили ин ду иди нав, Сарвиноз Маҷидзода, вакили парлумон афзуд, ки чунин тасмим бо мақсади таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо, бо дар назардошти нақш ва аҳамияти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар муносибатҳои ҷамъиятии ҷойдошта ва пешбинӣ гардидани 15 март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунндагон таҷлил карда мешавад.

– Инчунин, бо назардошти саҳми беандозаи Тоҷикистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонинии воситаҳои нашъадор ва аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ эътироф шудани он, рӯзи  1 июн ҳамчун рӯзи кормандони мақомоти давлатӣ оид ба назорати маводи нашъовар таҷлил карада мешавад, -гутф ин вакили парлумон.

Таҷлили боз ду иди нав дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи декбари соли гузашта, парлумони Тоҷикистон таҷлили ду иди дигарро тасдиқ намуда буд:  ҳамасола 20 апрел Рӯзи кормандони мақомоти адлия ва 26 июл Рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҷашн гирифта мешавад.

Гуфта мешавад, ки идҳои мазкур бидуни рӯзи истироҳатӣ ҷашн гирифта мешаванд.

Таҷлили боз ду иди дигар дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки бисёриҳо ҳузури чунин идҳоро қабул надоранд. Аз ҷумла чанд сол аст ки дар Тоҷикистон ҷашни кадуву харбуза ва дигар маҳсулот таҷлил мешавад, ки ҳамвора зери тозиёнаи танқиди фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор мегирад. Онҳо мегӯянд, таҷлили ин идҳҳо исрофкорӣ аст ва ба ҷои онҳо бояд масалан, ба муҳоҷирони кории тоҷик, ки чархаи асосии иқтисоди кишварро мечархонанд, таҷлил карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио