27 май. Рӯзи баргузории маҳфили 90-солагии Муъмин Қаноат маълум шуд

Маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯзи 27 май, соати 10 дар толори хурд барпо мешавад. Дар ин бора Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар дод. "Пас аз маҷлис, соати 14 дар толори бузург маҳфили адабӣ бахшида ба 90-солагии устод Муъмин Қаноат доир мегардад", – навиштааст Ато Мирхоҷа дар сафҳаи фейсбукии худ. Маҳфили шеъру […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯзи 27 май, соати 10 дар толори хурд барпо мешавад. Дар ин бора Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар дод.

"Пас аз маҷлис, соати 14 дар толори бузург маҳфили адабӣ бахшида ба 90-солагии устод Муъмин Қаноат доир мегардад", – навиштааст Ато Мирхоҷа дар сафҳаи фейсбукии худ.

Маҳфили шеъру суруд ба ифтихори 90-солагии шоири саршиноси тоҷик Муъмин Қаноат, ки қарор буд, соати 14.00-и 20-уми май дар Иттифоқи нависандагон баргузор шавад, ба далели марги Меҳмон Бахтӣ, раиси собиқи ин ниҳод ба вақти дигар гузошта шуд.

Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон ва аз бунёдгузорони шеъри нав  ва аз сардамдорони шеъри миллӣ дар адабиёти шӯравии тоҷик аст, ки соли 2018 дар сини 86-солагӣ даргузашт.

Муъмин Қаноат солҳои зиёде дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  ба унвони муовини раис дар замони Турсунзода ва ба сифати раиси ин ниҳод пас аз марги Турсунзода то поёни Шӯравӣ кор мекард. Ӯ дар поёни умри Шӯравӣ вакили маҷлиси ИҶШС буд.

Маҷмӯаҳои ашъори Қаноат – «Шарора» ,«Ситораҳои замин», достонҳои «Мавҷҳои Днепр» (ситоишномаи рӯҳи баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва дӯстии байни миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ), «Оташ» (бунёди нерӯгоҳи барқи обии Норак), «Суруши Сталинград» (корномаи қаҳрамонони Ҷанги дуюми ҷаҳон), «Тоҷикистон – исми ман» (даъват ба бедории миллӣ), «Гаҳвораи Сино»,«Ситораи Исмат», «Масъуднома» дурдонаҳои адабиётанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.