Қаҳрамонҳои имсолаи шоҳмоти Тоҷикистон муайян шуданд

Меҳриддин Шарипов ва Мутриба Ҳотамӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба шоҳмот, ки дар шаҳри Турсунзода доир гардид, пирӯзӣ ба даст оварданд. Байни мардон ғолиби мусобиқа Меҳриддин Шарипов аз 9 холи имконпазир 7,5 хол ба даст оварда, Алишер Каримов бо 7 имтиёз ба ҷойи дуюм ва Суҳроб Ҳамдамов бо 6,5 хол – ба зинаи сеюм […]

Меҳриддин Шарипов ва Мутриба Ҳотамӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба шоҳмот, ки дар шаҳри Турсунзода доир гардид, пирӯзӣ ба даст оварданд.

Байни мардон ғолиби мусобиқа Меҳриддин Шарипов аз 9 холи имконпазир 7,5 хол ба даст оварда, Алишер Каримов бо 7 имтиёз ба ҷойи дуюм ва Суҳроб Ҳамдамов бо 6,5 хол – ба зинаи сеюм соҳиб шуданд.

Дар мусобиқа байни занон Мутриба Ҳотамӣ бо касби 7,5 хол аз 8 холи имконпазир зинаи аввал, Рухшона Саидова ва Лидия Антонов бо касби 6,5-холӣ зинаҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд.

Дар байни собиқадорон Ашӯр Ёрмадов ғолибият ба даст оварда, зинаҳои дуюму сеюм мутаносибан насиби Зӯрхон Ризвонов ва Олуча Ҷумъаев шуд.

Тавре ки дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов хабар дод, дар муобиқа зиёда аз 60 шоҳмотбоз аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ба гуфтаи ӯ, ғолибону ҷоизадорони мусобиқа ҷиҳати иштирок дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот, ки тобистони соли равон дар Ченнаи (Ҳиндустон) доир мегардад, ба ҳайати дастаи мунатахаби Тоҷикистон шомил мешаванд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Федератсияи шоҳмоти ҷумҳурӣ ва ширкати “Сардор-200*” бо мукофоту туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Мусобиқа дар Кохи шоҳмоти шаҳри Турсунзода баргузор шуд. Ин кох аз ҷониби ширкати “Сардор-2008” бунёд гардида, яке аз марказҳои беҳтарин оид ба рушди шоҳмот дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.