Фақиробод Обшорон шуду Мискинобод 30-солагии Истиқлол: тасмимҳои Маҷлиси миллӣ

Date:

Номи деҳаи Фақирободи деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ба Обшорон ва номи худи Мискинобод ба “30-солагии Истиқлол” иваз карда шуда, ба он мақоми шаҳрак дода шуд. Дар ин бора имрӯз, 30 май қарори Маҷлиси миллӣ қабул гардид.

Шуъбаи иттилооти Маҷлиси миллӣ имрӯз, аз баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум хабар дод.

Манбаъ навишт, ки он таҳти роҳбарии раиси маҷлис ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор шуд ва дар он 23 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аъзоёни маҷлис як қатор қонунҳо, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»- ро ҷонибдорӣ кардаанд.

Ҳамчунин, дар ҷаласа, бо пешниҳоди ҳукумат номи деҳаи Фақирободи деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ба Обшорон ва номи худи Мискинобод ба «30-солагии Истиқлол» иваз карда шуда, ба Мискинобод ё акнун «30-солагии Истиқлол» мақоми шаҳрак дода шуд.

Дар ҷаласа, инчунин, нишони Маҷ­ли­си миллии Маҷлиси Олии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

Бо пешниҳоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, додрасҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон Вазирзода Г.Н., Мирзозода И.Ш ва Муродзода Б.Р. бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи додрасӣ аз вазифа бозхонд ва ҳамчун машваратчиёни халқии Додгоҳи олӣ интихоб гардиданд.

Иваз намудани ду номи маҳалла дар ҳолест, ки салоҳияти ивази номи маҳаллаву минтақаҳои ҷуғрофӣ танҳо дар салоҳияти Маҷлиси миллӣ аст. Дар гузашта ҳам ин ниҳод номи чанде аз маҳаллҳоро иваз карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...