Фақиробод Обшорон шуду Мискинобод 30-солагии Истиқлол: тасмимҳои Маҷлиси миллӣ

Номи деҳаи Фақирободи деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ба Обшорон ва номи худи Мискинобод ба “30-солагии Истиқлол” иваз карда шуда, ба он мақоми шаҳрак дода шуд. Дар ин бора имрӯз, 30 май қарори Маҷлиси миллӣ қабул гардид. Шуъбаи иттилооти Маҷлиси миллӣ имрӯз, аз баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум хабар дод. Манбаъ навишт, […]

Номи деҳаи Фақирободи деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ба Обшорон ва номи худи Мискинобод ба “30-солагии Истиқлол” иваз карда шуда, ба он мақоми шаҳрак дода шуд. Дар ин бора имрӯз, 30 май қарори Маҷлиси миллӣ қабул гардид.

Шуъбаи иттилооти Маҷлиси миллӣ имрӯз, аз баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум хабар дод.

Манбаъ навишт, ки он таҳти роҳбарии раиси маҷлис ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор шуд ва дар он 23 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аъзоёни маҷлис як қатор қонунҳо, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»- ро ҷонибдорӣ кардаанд.

Ҳамчунин, дар ҷаласа, бо пешниҳоди ҳукумат номи деҳаи Фақирободи деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ба Обшорон ва номи худи Мискинобод ба «30-солагии Истиқлол» иваз карда шуда, ба Мискинобод ё акнун «30-солагии Истиқлол» мақоми шаҳрак дода шуд.

Дар ҷаласа, инчунин, нишони Маҷ­ли­си миллии Маҷлиси Олии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

Бо пешниҳоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, додрасҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон Вазирзода Г.Н., Мирзозода И.Ш ва Муродзода Б.Р. бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи додрасӣ аз вазифа бозхонд ва ҳамчун машваратчиёни халқии Додгоҳи олӣ интихоб гардиданд.

Иваз намудани ду номи маҳалла дар ҳолест, ки салоҳияти ивази номи маҳаллаву минтақаҳои ҷуғрофӣ танҳо дар салоҳияти Маҷлиси миллӣ аст. Дар гузашта ҳам ин ниҳод номи чанде аз маҳаллҳоро иваз карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.