Оғози корҳои таъмиру навсозии пули “Путовский” дар Душанбе

Date:

Корҳои таъмиру навсозии пул дар хиёбони Исмоии Сомонии шаҳри Душанбе, ки моҳи январи соли гузашта ба мавқуф гузошта шуда буд, дубора аз сар гирифта шуд.

Ёдрас мекунем, ки таъмиру навсозии роҳи пиёдагард ва пули автомобилгард дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахтро, ки миёни мардум бештар бо номи пули “Путовский” маъруф аст, ҳанӯз соли 2019 эълон карда буданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (10)










Қаблан дар Саараёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт зикр карда буданд, ки дар робита ба буҳрони соли 2020 корҳои таъмиру навсозии пул ба таъхир гузошта мешаванд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” муовини сармеъмори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт Файзулло Искандаров хабар дод, корҳои таъмиру навсозӣ тибқи лоиҳа барқарор карда шуданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Дар ҳамин ҳол, дар бораи муҳлати мушаххаси анҷоми ин корҳо маълумот дода нашуд.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби КВД «Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» дар ҳамдастӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 8 майи соли 2019 таҳия шудааст.

Ёдрас мекунем, ки аз соли 2017 то соли 2019 қариб ҳамаи пулҳои калони пойтахт, аз ҷумла дар маҳаллаи 103-юм ва назди автовокзал  мавриди таъмиру навсозӣ қарор гирифтанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...