Оғози корҳои таъмиру навсозии пули “Путовский” дар Душанбе

Корҳои таъмиру навсозии пул дар хиёбони Исмоии Сомонии шаҳри Душанбе, ки моҳи январи соли гузашта ба мавқуф гузошта шуда буд, дубора аз сар гирифта шуд. Ёдрас мекунем, ки таъмиру навсозии роҳи пиёдагард ва пули автомобилгард дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахтро, ки миёни мардум бештар бо номи пули “Путовский” маъруф аст, ҳанӯз соли 2019 эълон карда […]

Корҳои таъмиру навсозии пул дар хиёбони Исмоии Сомонии шаҳри Душанбе, ки моҳи январи соли гузашта ба мавқуф гузошта шуда буд, дубора аз сар гирифта шуд.

Ёдрас мекунем, ки таъмиру навсозии роҳи пиёдагард ва пули автомобилгард дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахтро, ки миёни мардум бештар бо номи пули “Путовский” маъруф аст, ҳанӯз соли 2019 эълон карда буданд.

Қаблан дар Саараёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт зикр карда буданд, ки дар робита ба буҳрони соли 2020 корҳои таъмиру навсозии пул ба таъхир гузошта мешаванд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” муовини сармеъмори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт Файзулло Искандаров хабар дод, корҳои таъмиру навсозӣ тибқи лоиҳа барқарор карда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, дар бораи муҳлати мушаххаси анҷоми ин корҳо маълумот дода нашуд.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби КВД «Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» дар ҳамдастӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 8 майи соли 2019 таҳия шудааст.

Ёдрас мекунем, ки аз соли 2017 то соли 2019 қариб ҳамаи пулҳои калони пойтахт, аз ҷумла дар маҳаллаи 103-юм ва назди автовокзал  мавриди таъмиру навсозӣ қарор гирифтанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.