Рустами Эмомалӣ пули таъмиру навсозишудаи назди автовокзалро ба истифода дод

Бо ҳузури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маросими ба истифода додани пули роҳи оҳан ва автомобилгард дар буриши кӯчаҳои Муродулло Шерализода ва Асадулло Ғуломов бо хиёбони Абӯалӣ ибни Сино (назди автовокзал) баъд аз таъмиру навсозӣ баргузор шуд. Бинои ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, иншооти мазкур аз пули роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард иборат […]

Бо ҳузури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маросими ба истифода додани пули роҳи оҳан ва автомобилгард дар буриши кӯчаҳои Муродулло Шерализода ва Асадулло Ғуломов бо хиёбони Абӯалӣ ибни Сино (назди автовокзал) баъд аз таъмиру навсозӣ баргузор шуд.

Бинои ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, иншооти мазкур аз пули роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард иборат буда, зимни анҷоми корҳо масоҳати беш аз 1,5 км роҳҳо бунёд ва азнавсозӣ гардидаанд.

Гуфта мешавад, баландии такядеворҳои пул 5 метр буда, тамоми деворҳо бо сангҳои хоро  ва роҳравҳо бо тахтасангҳо оро дода шудаанд ва дар ду тарафи он панҷараҳои мунаққаши оҳанӣ насб гардида, аломатҳои ороишии онро таҷҳизоти равшандиҳанда зиннат медиҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки корҳои сохтмонӣ дар қисмати поёнии пул низ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ороишии муосир бо сифати баланд иҷро гардида, бо мақсади таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар чаҳор қитъаи иншоот аломатҳои зарурии ҳаракат дар роҳ насб карда шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли 2017 Рустами Эмомалӣ пули мошингард ва роҳи оҳани воқеъ дар буриши кӯчаҳои Аҳмади Дониш ва Моёншо Назаровро дар роҳ ба самти фурудгоҳ ба истифода дода буд.

Барои анҷоми корҳои таъмиру навсозии пули мазкур КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” беш аз 1 млн. 400 сомонӣ маблағ масраф кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.