Баъди ду соли таваққуф. Тоҷикистону Чин парвозҳоро барқарор мекунанд

Date:

Шурӯъ аз моҳи июн, пас за танаффуси дусола парвозҳои мустақим ба Чин дубора барқарор мешавад. Парвози аввалин рӯзи 23 июн тавассути хатсайри Душанбе-Урумчӣ-Душанбе сурат хоҳад гирифт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Азиз Набизода, муовини директори Оҷонсии ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон хабар дод.

Номбурда гуфт, парвози нахустинро дар ин самт ширкати ҳавопаймоии “China Southern Airlines” анҷом медиҳад.

– Ҳанӯз дар моҳҳои май-июни соли 2020 мо ба мақомоти Чин дар бораи омодагии Тоҷикистон барои аз сар гирифтани парвозҳои ҳавоӣ маълумот ирсол карда будем. Чанд рӯз пеш мо посухи расмӣ гирифтем, ки дар он ҷониби Чин низ омодагии худро барои аз сар гирифтани парвозҳо изҳор дошт, – гуфт Набизода.

Ба гуфтаи ӯ, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва ширкати ҳавопаймоии “China Southern Airlines” дар ду ҳафта як парвоз анҷом медиҳанд.

Номбурда афзуд, интизор меравад, дар оянда шумораи парвозҳо зиёд карда шавад

Қобили зикр аст, ки аз моҳи октябри соли 2020 барқарор намудани парвозҳо миёни ду кишвар ба нақша гирифта шуда, аммо пайваста мавқуф гузошта мешуд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки мунтазири посухи ҷониби Чин ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус, Тоҷикистон 10 апрели соли 2020 марзҳояш бо Чинро баста буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...