Баъди ду соли таваққуф. Тоҷикистону Чин парвозҳоро барқарор мекунанд

Шурӯъ аз моҳи июн, пас за танаффуси дусола парвозҳои мустақим ба Чин дубора барқарор мешавад. Парвози аввалин рӯзи 23 июн тавассути хатсайри Душанбе-Урумчӣ-Душанбе сурат хоҳад гирифт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Азиз Набизода, муовини директори Оҷонсии ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон хабар дод. Номбурда гуфт, парвози нахустинро дар ин самт ширкати ҳавопаймоии “China Southern Airlines” анҷом медиҳад. […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Шурӯъ аз моҳи июн, пас за танаффуси дусола парвозҳои мустақим ба Чин дубора барқарор мешавад. Парвози аввалин рӯзи 23 июн тавассути хатсайри Душанбе-Урумчӣ-Душанбе сурат хоҳад гирифт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Азиз Набизода, муовини директори Оҷонсии ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон хабар дод.

Номбурда гуфт, парвози нахустинро дар ин самт ширкати ҳавопаймоии “China Southern Airlines” анҷом медиҳад.

– Ҳанӯз дар моҳҳои май-июни соли 2020 мо ба мақомоти Чин дар бораи омодагии Тоҷикистон барои аз сар гирифтани парвозҳои ҳавоӣ маълумот ирсол карда будем. Чанд рӯз пеш мо посухи расмӣ гирифтем, ки дар он ҷониби Чин низ омодагии худро барои аз сар гирифтани парвозҳо изҳор дошт, – гуфт Набизода.

Ба гуфтаи ӯ, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва ширкати ҳавопаймоии “China Southern Airlines” дар ду ҳафта як парвоз анҷом медиҳанд.

Номбурда афзуд, интизор меравад, дар оянда шумораи парвозҳо зиёд карда шавад

Қобили зикр аст, ки аз моҳи октябри соли 2020 барқарор намудани парвозҳо миёни ду кишвар ба нақша гирифта шуда, аммо пайваста мавқуф гузошта мешуд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки мунтазири посухи ҷониби Чин ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус, Тоҷикистон 10 апрели соли 2020 марзҳояш бо Чинро баста буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.