Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми кӯшиши интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба ҷумҳурӣ дастгир шуданд.
Чӣ тавре ки аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде қабл дар қитъаи гурӯҳи сарҳадии «Ишкошим» марзбонон чаҳор нафар шаҳрванди аз 20 то 29-солаи Тоҷикистонро бо ду халтаи маводи мухаддири гурӯҳи каннабис , ки 43 кило вазн дошт, боздошт намудаанд. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Бояд гуфт, дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ беш аз 800 кило маводи мухаддирро мусодира карданд.


