Вазорати фарҳанг ба идомаи намоиши спектакли Барзу Абдураззоқов «Ҷунун. Соли 93» иҷоза дод

            Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба идомаи намоиши спектакли Барзу Абдураззоқов «Ҷунун. Соли 93» иҷоза дод.             Шурӯъ аз пагоҳ намоиши спектакли мазкур дар саҳнаи театри драмавии русии ба номи В.Маяковский идома меёбад. Пас аз нахустнамоиши спектакл вазорат намоиши минбаъдаи онро манъ карда буд.             Чӣ тавре ки худи коргардон […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба идомаи намоиши спектакли Барзу Абдураззоқов «Ҷунун. Соли 93» иҷоза дод.





           

Шурӯъ аз пагоҳ намоиши спектакли мазкур дар саҳнаи театри драмавии русии ба номи В.Маяковский идома меёбад. Пас аз нахустнамоиши спектакл вазорат намоиши минбаъдаи онро манъ карда буд.




           

Чӣ тавре ки худи коргардон Б.Абдураззоқов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чанде қабл ӯ бо мақомоти раҳбарии вазорати фарҳанг ва намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар ин хусус мулоқот кардаааст. «Сӯҳбати мо ду соат давом кард ва дар анҷом мо ба мувофиқа расидем», – гуфт ӯ.




           

Б.Абдураззоқов афзуд, баъе аз ҷузъиёти саҳнаҳои спектакл ихтисор шудаанд, ки он ба моҳият ва ҳадафи он ҳеҷ дигаргуние ворид насохтааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.