Вазири дифои собиқи Литва сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон шуд

Раймундас Кароблис, муовини вазири корҳои хориҷии Литваро рӯзи 8-уми июн сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон таъйин карданд. Аз соли 2018 дар ин мақом дипломати шведӣ, Мэрилин Йозефсон, кор мекард. Ӯ раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Қирғизистон таъин шуд. Кароблис 54-сола аст ва бахши ҳуқуқи Донишгоҳи Вилнюсро хатм кардааст. Дар гузашта вазири дифои Литва буд. […]

Asia-Plus

Раймундас Кароблис, муовини вазири корҳои хориҷии Литваро рӯзи 8-уми июн сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон таъйин карданд.

Аз соли 2018 дар ин мақом дипломати шведӣ, Мэрилин Йозефсон, кор мекард. Ӯ раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Қирғизистон таъин шуд.

Кароблис 54-сола аст ва бахши ҳуқуқи Донишгоҳи Вилнюсро хатм кардааст. Дар гузашта вазири дифои Литва буд.

Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар солҳои 2014-2020, дар умум, 227 миллион евро ёрӣ кардааст, аммо аз маҳдудияти дастрасӣ ба интернету озодии баён ва нақзи ҳуқуқи одамон дар кишвар норозист.

Ин дар ҳолест, ки мухолифин ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон солҳои охир Иттиҳоди Аврупоро ба “чашмпӯшӣ” ба поймолшавии ҳуқуқи одамону озодиҳои бунёдӣ дар Тоҷикистону кишварҳои дигари минтақа танқид мекунанд.

Моҳи ноябри соли 2021 чанд созмони ҳомии ҳуқуқ аз намояндагони Иттиҳоди Аврупо хоста буданд, ки ҳангоми сафар ба Тоҷикистон барои поён додан ба нақзи ҳуқуқи одамон фишор биоранд. Дар суҳбатҳо дар ин бора чизе шунида нашуд. Он замон баъзе коршиносон тахмин зада буданд, ки эҳтимол Иттиҳоди Аврупо барои буҳрони Афғонистон ба масъалаи ҳуқуқи башар "чашм пӯшид".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.