Захираҳои тиллои Тоҷикистон дар семоҳаи 2-юм ҳудуди 17,2 тоннаро ташкил доданд

Ҳаҷми умумии захираҳои давлатии тиллои пулии Тоҷикистон ба аввали семоҳаи дуюми соли равон 17,19 тонна ба маблағи ҳудуди 1,1 млрд долларро ташкил доданд, хабар медиҳад Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council). Тиллои пулӣ — ин тиллои ҷисмонӣ дар шакли тангаҳо,  сабикаҳо ё табақчаҳоест, ки поккорӣ шуда, тозагии аз 995 то 1000 доранд. Металл бояд ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми умумии захираҳои давлатии тиллои пулии Тоҷикистон ба аввали семоҳаи дуюми соли равон 17,19 тонна ба маблағи ҳудуди 1,1 млрд долларро ташкил доданд, хабар медиҳад Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council).

Тиллои пулӣ — ин тиллои ҷисмонӣ дар шакли тангаҳо,  сабикаҳо ё табақчаҳоест, ки поккорӣ шуда, тозагии аз 995 то 1000 доранд. Металл бояд ба талаботи стандарти ҷаҳонии Delivery Gold ҷавобгӯ бошанд. Он одатан дар ихтиёри бонкҳои марказӣ ва ё вазоратҳои молияи ҷаҳон мебошад.

Захираҳои тиллову асъори Тоҷикистон дар Вазорати молия ва Бонки миллии ҷумҳурӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Бино ба маълумоти Шӯрои ҷаҳонии тилло, то аввали моҳи май захираҳои асъори Тоҷикистон зиёда аз 758 млн доллар ва ҳаҷми умумии тиллову асъори кишвар – беш аз 1,8 млрд долларро ташкил додаанд.

Захираҳои бештари тиллоро миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон – 368,12 тонна дар ихтиёр дорад. Зхираҳои Ӯзбекистон ба 337,47 тонна ва Қирғизистон – ба 10,19 тонна баробар аст. Дар бораи чунин захираҳои Турманистон маълумот дастрас нест.

Дар панҷгонаи кишварҳои пешсаф дар ин самт ИМА (зиёда аз 8,1 ҳазор тонна), Олмон ( 3,4 ҳазор тонна), Италия (2,5 ҳазор тонна), Фаронса (2,4 ҳазор тонна) ва Русия (2,3 ҳазор тонна) қарор доранд.

Зимни таҳияи гузориш таҳлилгарони Шӯрои ҷаҳонии тилло аз омори Хазинаи байнулмилалии асъор, ки ба маълумоти бонкҳои марказии кишварҳои ҷаҳон асос ёфтааст, истифода мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.