Ҷамолиддин Нуралиев аз мақомаш барканор шуд. Фармон ба Маҷлиси Олӣ фиристода шудааст

Date:

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва домоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар аз мақомаш барканор шуд.

Дар фармони далели барканории Нуралиев аз мақомаш, ки аз сӯйи раисҷумҳур содир шудааст, омадааст, ки "бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад".

Ин фармони Эмомалӣ Раҳмон барои таъйид ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Фармони барканории Ҷамолиддин Нуралиев имрӯз, 10.06.2022 содир шудааст. Дар ҳамин ҳол гуфта намешавад, ки Нуралиев дар чӣ мақоми наве таъин шудааст.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз тағйироти кадрии зиёде дар сохторҳои гуногуни давлатӣ хабар медиҳад. 

Бо як қарори дигари ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин Сафарзода Дилшод Файзалӣ директори Оҷонсии ҳавонавардии мулкӣ (Агентии авиатсияи граждани)-и назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шудааст. Дилшод Сафарзода то ин вақт сардори раёсати сохтмони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон буд.

Бо қарорҳои дигари раиси ҳукумати Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода Баҳодур ва Холмухамадзода Сорбони Амирхонӣ муовинони вазири энергетика ва захираҳои об ва Ҷаббор Носирзода, ки то ин вақт раиси ноҳияи Шаҳринав буд, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...