Ректорҳои нави донишгоҳҳои омӯзгорӣ ва Кӯлоб кистанд: идомаи тағйироти кадрӣ

Дар идомаи тағйироти кадрии имрӯз, ректорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳам аз мақомҳояшон барканор шудаанд. Дар шарҳи барканории ин ду ректор дар қарори раиси ҳукумати Тоҷикистон омадааст, ки "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" озод карда мешаванд.  Дар ҳамин ҳол бо қарорҳои ҳукумат Дилшод Сафарбек ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Аҳлиддин […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Дар идомаи тағйироти кадрии имрӯз, ректорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳам аз мақомҳояшон барканор шудаанд.

Дар шарҳи барканории ин ду ректор дар қарори раиси ҳукумати Тоҷикистон омадааст, ки "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" озод карда мешаванд. 

Дар ҳамин ҳол бо қарорҳои ҳукумат Дилшод Сафарбек ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Аҳлиддин Ибодуллозода ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон таъин шудаанд.

Дар ҳамин ҳол гуфта нашудааст, ки Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмон аз мақоми ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирализода Абдусалом Мустафо аз мансаби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ озод ва ба чӣ мақомҳои наве таъин шудаанд. 

Дилшод Сафарбеки 37-сола то ин вақт декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Ӯ ҳамчунин узвияти Маҷлиси миллии Тоҷикистонро низ дорад. 

Дилшод Сафарбек зодаи шаҳри Кӯлоб буда, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир вакили Маҷлиси вакилони Душанбе низ мебошад. 

Солҳои 2006-2012 ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, 2012-2014 муовини декани ин факулта дар бахши корҳои тарбиявӣ ва муовини декан дар умури таълим, солҳои 2014-2015 муовини мудири шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президент и Тоҷикистон ва 2015-2016 мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дин ниҳод кор кардааст.  

Аз 01.03.2016 то ин тағйирот декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Аҳлиддин Ибодуллозода, то ин вақт директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон буд. Ибодуллозода хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон буда, ба ҳайси асисстенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи факултети таърихи ин донишгоҳ мутахассиси раёсати илм ва инноватсия, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва муовини директори Пажўҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон кор кардааст.

Ҳамчунин ба унвони сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси бахши маориф ва илми раёсати илму маърифат ва мудири бахши маориф ва илми раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолият намудааст.

Аз 18-уми январи соли гузашта то кунун директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.