Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз истифодаи лампаҳои симобдор даст мекашад

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори марбута воридоту истеҳсол ва фурӯши лампаҳои каммасрафи симобдорро манъ кард. Лампаҳои симобдор дар номгӯи маҳсулоти таҳти рамз (код)-и 8539322001 зикр шудааст. Ҳукумат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамдастӣ бо Хадамоти гумрук дастур додааст, ки назорати иҷрои қарори аз 28 майи соли ҷорӣ қабулшударо таъмин созанд. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори марбута воридоту истеҳсол ва фурӯши лампаҳои каммасрафи симобдорро манъ кард.

Лампаҳои симобдор дар номгӯи маҳсулоти таҳти рамз (код)-и 8539322001 зикр шудааст.

Ҳукумат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамдастӣ бо Хадамоти гумрук дастур додааст, ки назорати иҷрои қарори аз 28 майи соли ҷорӣ қабулшударо таъмин созанд.

Инчунин ба дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шудааст, ки ҷиҳати “тақвият додани истеҳсоли фурӯзонакҳои каммасрафи нуридиҳандаи диодӣ ва аз ҷиҳати экологӣ безарар дар ҳудуди ҷумҳурӣ" тадбирҳо андешанд.

Манъи воридоту истеҳсол ва фурӯши лампаҳои симобдор ба гумони ғолиб, ба мушкилоти ҷамъоварӣ ва безарар гардонидани онҳо вобаста аст.

Қаблан раҳбарияти КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба рӯзноманигорон иттилоъ дода буд, ки дар ҷумҳурӣ барои безарар гардонидани лампаҳои симобдор таҷҳизот ҳаст, лекин ягон мутахассисе нест, ки кори онро роҳандозӣ намояд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2009 ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузашта, лекин баъдан мушкилоти нобуд кардани лампаҳои люминестсентӣ рӯйи кор омад, ки симоб доранд.

Чунин лампаҳоро ба партовгоҳи одӣ партофтан лозим нест, зеро агар симоби онҳо ба партовҳои маишӣ омехта шавад, ба табиату гирду атроф хеле хатарнок аст. Маводи заҳрноке, ки дар таркиби ин лампаҳо мавҷуданд, тамоми ашёи муҳити атроф, аз ҷумла хоку ҳаво ва обу биосфераро ифлос мекунанд.

Мутахассисон истифодаи фурӯзонакҳои каммасрафи нуридиҳандаи диодиро тавсия медиҳанд, зеро онҳо симоб надошта, харҷи энергия низ дар онҳо нисбатан камтар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.