Тоҷикистон воридоти маҳсулоти гӯшту шир ва техникаи кишоварзиро аз Беларус зиёд мекунад

Дар ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Беларус дар Минск (8 июн) зикр шуд, ки дар муқоиса бо чор моҳи соли гузашта дар зарфи 4 моҳи соли 2022 ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти дуҷониба байни кишварҳо 58 фоиз зиёд шудааст. Тавре ки Belta.by хабар медиҳад, ҷониби Тоҷикистон ба афзоиши содироти маҳсулоти гӯшту шир ва […]

Дар ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Беларус дар Минск (8 июн) зикр шуд, ки дар муқоиса бо чор моҳи соли гузашта дар зарфи 4 моҳи соли 2022 ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти дуҷониба байни кишварҳо 58 фоиз зиёд шудааст.

Тавре ки Belta.by хабар медиҳад, ҷониби Тоҷикистон ба афзоиши содироти маҳсулоти гӯшту шир ва техникаи кишоварзӣ аз ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода изҳор намудааст, ки “Тоҷикистон мехоҳад содироти номгӯи маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла гӯшти гов, маҳсулоти ширӣ ва дигар маводи ғизоиро аз ин кишвар зиёд кунад”.

Ба гуфтаи ӯ, дар самти интиқоли техникаи кишоварзии истеҳсоли Беларус, ки бахши агарии Тоҷикистон ба он эҳтиёҷоти шадид дорад, корҳои зиёде ба сомон расонида мешаванд.

“ Соли 2021 ба Тоҷикистон 411 адад трактори тамғаҳои гуногун ва беш аз 124 адад мошинҳои кишоварзӣ интиқол дода шуданд ва Вазорат ба идомаи ҳамкориҳо дар ин самт манфиатдор аст”, – изҳор доштааст вазир.

Саъдӣ Каримзода инчунин пешниҳод намудааст, ки доир ба омӯзишу таҳсил ва таҷрибаомӯзии мутахассисон аз Тоҷикистон дар ин соҳаҳо табодули таҷриба ба роҳ мондан зарур аст.

Бино ба маълумоти сафорати Беларус дар Тоҷикистон, соли 2021 ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо зиёда аз 126 млн долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2020 ба андозаи 12,6% афзудааст:  содирот каме бештар аз 122 млн доллар (афзоиш – 11,1%) ва воридот – 4 млн доллар (афзоиш – 90,5%).

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.