Додгоҳ президенти пешини Қирғизистонро аз рӯи парвандаи бетартибиҳои оммавӣ сафед кард

Додгоҳ президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отабоевро аз рӯи парвандаи ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар моҳи октябри соли 2020 сафед кард, хабар медиҳад Интерфакс. “Додгоҳи Первомайскии Бишкек қарор кард, ки Алмосбек Отамбоев дар ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар Бишкек моҳи октябри соли 2020 бегуноҳ эътироф гардида, бинобар набудани аломатҳои ҷиноят дар кирдорҳои ӯ сафед карда шавад”, – изҳор […]

Asia-Plus

Додгоҳ президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отабоевро аз рӯи парвандаи ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар моҳи октябри соли 2020 сафед кард, хабар медиҳад Интерфакс.

“Додгоҳи Первомайскии Бишкек қарор кард, ки Алмосбек Отамбоев дар ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар Бишкек моҳи октябри соли 2020 бегуноҳ эътироф гардида, бинобар набудани аломатҳои ҷиноят дар кирдорҳои ӯ сафед карда шавад”, – изҳор дошт додрас Убайдулло Сотимқулов зимни қироати ҳукм.

Чораи пешгирӣ дар шакли нигаҳдорӣ дар ҳабс нисбати Отмабоев ба ҳабси хонагӣ иваз карда шуд.

Бо ҳукми додгоҳ инчунин Фарид Ниёзов, мушовири пешини Отамбоев, Курсан Асанов, собиқ муовини вазири корҳои дохилии кишвар, Канат Сагимбоев, муҳофизи Отамбоев низ сафед карда шуданд.

Ин дар ҳолест, ки айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас дархост намуда буд, ки ба Отамбоев 12 соли зиндони низомаш шадид ҷазо таъин карда шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.