Русия шартнома дар бораи нафақаро бо Тоҷикистон тасдиқ кард

Думаи давлатии Русия рӯзи 28 июн Шартнома бо Тоҷикистонро дар бораи ҳамкорӣ лар соҳаи таъминот бо нафақа тасдиқ намуд. Шартнома 15 сентябри соли 2021 ба имзо расида, ба усули баробарӣ асос ёфтааст ва масъулияти молиявии ҷонибҳоро оид ба пешниҳоди таъминоти суғуртавӣ ба ҳуқуқҳои нафақа, ки дар қаламрави онҳо гирифта шудааст, пешбинӣ мекунад. Шартнома нисбати шахсоне, […]

Думаи давлатии Русия рӯзи 28 июн Шартнома бо Тоҷикистонро дар бораи ҳамкорӣ лар соҳаи таъминот бо нафақа тасдиқ намуд.

Шартнома 15 сентябри соли 2021 ба имзо расида, ба усули баробарӣ асос ёфтааст ва масъулияти молиявии ҷонибҳоро оид ба пешниҳоди таъминоти суғуртавӣ ба ҳуқуқҳои нафақа, ки дар қаламрави онҳо гирифта шудааст, пешбинӣ мекунад.

Шартнома нисбати шахсоне, ки шаҳрванди Русия ва Тоҷикистон мебошанд, инчунин аъзои оилаи онҳо мавриди амал қарор мегирад. Ба он ҳама навъҳои нафақаҳои суғуртавӣ, нафақаи андӯхта ва дигар пардохтҳо аз ҳисоби маблағҳои андӯхтаи нафақа, нафақаҳои иҷтимоӣ (бо шарти дар қаламрави Русия зиндагӣ кардани шаҳрвандон таъин ва пардохт мешаванд), кумакпулии иҷтимоӣ барои дафн (тарафе пардохт мекунад, ки шаҳрванд дар он ҷо дафн мешавад) дохил мешаванд.

Дар ҳолати ба макони зисти доимӣ рафтани шахси суғурташуда ба давлати сеюм, пардохти нафақаи таъиншуда мувофиқи интихоби ӯ аз ҷониби тарафи таъинкарда сурат мегирад ё ба қаламрави тарафи дигар гузаронида мешавад.

Дар навиштаи шарҳ ишора мешавад, ки дар Русия зимни муайян кардани ҳуқуқ ба нафақаи суғуртавӣ аз рӯи пиронсолӣ нишондиҳандаи коэффисиенти инфиродии нафақа барои давраҳои собиқаи корӣ дар Русия, инчунин дар қаламрави собиқ РСФСР ба инобат гирифта мешавад.

Агар ҳуқуқ ба нафақа аз рӯи пиронсолӣ бар асари мавҷуд набудани нишондиҳандаи талабшуда ба вуҷуд наояд, пас тибқи шартнома нишондиҳандаи коэффисиенти инфиродии нафақаи баробар ба як соли собиқаи корӣ дар қаламрави Тоҷикистон (аз ҷумла ҶШС Тоҷикистон), инчунин дар қаламрави кишварҳои сеюм, ки Русия бо онҳо дар бораи суғуртаи нафақа шартнома дорад, истифода мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.